Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи нав дар Қубодиён ва Восеъ


Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаҳои Восеъ ва Қубодиёнро баргузоршуда эълом дошт. Вай гуфт: «Аксарияти мардум – 72 дарсад дар ҳавзаи якмандатии Қубодиён ва 76 дарсад дар Восеъ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат кардаанд.»


Ба иттилоъи Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, дар ҳавзаи интихоботии Восеъ танҳо Раҳмоналӣ Умаров, номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва дар ҳавзаи интихоботии Қабодиён ду номзад - Бадриддин Садриддинов, низ намояндаи Ҳизби халқӣ демократӣ ва Худойназар Тошқувватов, номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, тибқи иттилоъе, ки ба ҳол аз ситоди ҳизбаш дар Қубодиён расидааст, ягон қонуншикание дар рафти интихобот ба қайд гирифта нашудааст.Вай афзуд, ҳизбаш бо далели набуди имконият натавонистааст дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ нозирони худро сафарбар кунад.


Интихоботҳои миёндавраӣ дар ҳавзаҳои Восеъву Қабодиӣн дар пайи ба ҳукумати иҷроия гузаштани аъзои Маҷлиси намояндагон баргузор шуданд.
Ҳамчунин рӯзи 1 апрел боз дар 3 ҳавзаи интихоботии дигар - Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Кӯлоб ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ интихобот барпо хоҳанд шуд.

Фарҳоди Милод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG