Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи мурофиаи гурӯҳи гумонбар ба узвияти ҲИУ


МИ

Додгоҳи вилояти Суғд ба бозбинии парвандаи 7 нафар бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) шурӯъ кард. Маҳмуд Ашӯров, додраси мурофиаи ин парванда гуфт, ки се тан аз ин гурӯҳ шаҳрвандони Узбакистон ва ҷавонони зери синни сӣ мебошанд. Ҳангоми кофтуков аз манзилҳои онҳо дар қисмати марказии Суғд беш аз 100 адабиёту маҷалла, варақаҳои дорои мазмуни тундгароӣ ва як дона норинҷаки дастӣ дарёфт шудааст.


Ба гуфтаи додрас Ашӯров, ин се шаҳрванди Узбакистон дар соли 2004 бо роҳи ғайриқонунӣ ба шимоли Тоҷикистон ворид шуда, бо шиносномаҳои сохтаи аз мақомоти шиносномадиҳии Суғд харида ба сар мебурданд ва одамонро ба ҷиҳод ва бунёди давлати исломӣ - аҳдофи ҲИУ даъват мекарданд.


Вай афзуд, алайҳи чаҳор сокини Суғд барои ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ аз ҷониби додгоҳ иттиҳом пешниҳод шудааст. Аммо ин нафарон дар тафтишоти аввалия мансубияти худ ба ҲИУ - ро рад карда гуфтаанд, фаъолияти онҳо ба хотири тарғиби Ислом ва ҷорӣ кардани фармудаҳои шариати исломӣ ҷараён доштааст. Маҳмуд Ашӯров, додраси мурофиаи парвандаи ин афрод гуфт, ки нисбати онҳо тибқи 8 банди асноди ҷиноии Тоҷикистон, фаъолияти террористӣ, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, даъват ба сарнагун кардани давлати Тоҷикистон, убури ғайриқонунии марз, нигаҳдошти бидуни иҷозаи силоҳ, муқобала бо кормандони мақомоти умури дохила ва ғайра пешниҳод шудааст.


Боздошти ин гурӯҳи гумонбар ба аъзои ҲИУ дар миёнаҳои соли гузашта дар вилояти Суғд сурат гирифта буд. Ба гуфтаи додситонии Суғд, дар давоми як соли ахир 20 узви ҲИУ, теъдоде шаҳрвандони Узбакистон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ карда шуда, 21 тани дигар узви ин гурӯҳ дар ҷустори ҷиноӣ қарор доранд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG