Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми боздиди Раҳмонов аз Миср


Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмонов ба Миср анҷом ёфт ва ӯ озими Сурия шуд. Зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмонов аз Сурия, ки то охири ин ҳафта идома мекунад, мулоқотҳои расмӣ ва имзои аҳдномаҳо дар назар аст.


Ва аммо дар чаҳорчӯби сафари худ ба Миср раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз шаҳрҳои Асвон ва Луқсор дидан кард. Дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов бо ҳокими вилояти Асвони Миср, оид ба ташкил ва рушди ҳамкориҳои мустақими байни минтақаҳо ва вилоятҳои ду кишвар мубодилаи афкор шуд. Зикр гардид, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Асвон, дар солҳои 60-уми қарни гузашта шумори афзуни ҷавонони тоҷик низ ширкат намудаанд.


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки шаҳрҳои Нораки Тоҷикистон ва Асвони Миср, ки марказҳои энержии ду кишваранд, бародаршаҳр эълон шаванд.


Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмонов аз Осорхонаи марказии шаҳри Қоҳира, Аҳроми Миср, яке аз ҳафт мӯъҷизоти эътирофшудаи ҷаҳон, аз ёдгориҳои таърихии аҳди фиръавнҳо дар шаҳри Луқсор низ дидан кард.
XS
SM
MD
LG