Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муслимини фаронсавӣ «Чарли Ҳебдо»-ро ба додгоҳ кашиданд.


Қарор аст имрӯз дар шаҳри Порис мурофиаи додгоҳии сардабири маҷаллаи танзии »Чарли Ҳебдо» оғоз ёбад. Ин маҷалла ба он айбдор дониста мешавад, ки дар яке аз шумораҳояш расми танзомез ва ё карикатурии пайғамбари ислом Муҳаммад - ( с ) ба нашр расонидааст. Сардабири маҷаллаи "Чарли Ҳебдо" аз ҷониби ду созмони исломӣ - Масҷиди бузурги Порис ва Иттиҳоди созмонҳои исломии Фаронса ба додгоҳ кашонида шудааст. Ҷониби айбдоркунанда даъво дорад, ки маҷалали "Чарли Ҳебдо" карикатураи таҳқиромези нашрияи даниягиро дар саҳифаи худ дубора чоп карда ва бо ин мавқеи нажодпарастонаи худро ба намоиш гузоштааст. Нозирон мегуянд, ки ҳодисаи мазкур марзи миёни масоили озодии баён ва ҳассосиятҳои мазҳабиро убур кардааст.
XS
SM
MD
LG