Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри гузориши солонаи Бонки аврупоии рушд ва бозсозӣ


Бонки аврупоии рушд ва бозсозӣ зимни нашри гузориши соли 2006-и худ гуфтааст, интизор дорад, Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба мизони болотари рушди иқтисодӣ даст ёбад.


Қарор аст, гузориши мазкур фардо, шашуми феврал дар шаҳри Душанбе тавассути намояндагии Бонки аврупоии рушд ва бозсозӣ муаррифӣ шавад. Гузориши солонаи Бонки аврупоии рушд ва бозсозӣ бо ишора ба рушди тадриҷии иқтисоди Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин раванд дар кишвар тайи солҳои 2005 - 2006 ба ҳафт дар сад баробар будааст.


Бонки аврупоии рушд ва бозсозӣ бар асоси арзёбиҳои муқаддамотӣ интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ва афзоиши тавлидоту маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро аз авомили аслии рушди ин кишвар дар оянда номидааст.


Ҳамзамон, дар ин гузориш гуфта шудааст, ки вобастагии содироти Тоҷикистон танҳо аз алюминиюм, пахта ва нерӯи барқ метавонад дар сурати коҳиши нархи он дар бозори ҷаҳонӣ иқтисоди ин кишварро ба хатаре рӯбарӯ созад.
XS
SM
MD
LG