Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон Мусоқалъаро тарк мекунанд


Бино ба гузоришҳои расида, баъзе аз сокинони Мусоқалъа дар вилояти Ҳилманди Афғонистон аз бими амалиёти низомӣ ин шаҳракро тарк мекунанд. Нируҳои Афғонистон ва нируҳои Бритонё барои дубора ба назорат даровардани шаҳраки Мусоқалъа амалиётеро ба нақша гирифтаанд. Замарӣ Башорӣ-сухангуи вазорати умури дохилаи Афғонистон дар бораи ин амлиёт чунин гуфт:


"Дар робита ба тасмими давлати Афғонистон вазорати умури дохила барои таъмини амният дар вулусволии Мусоқалъа нақшае руи даст гирифтааст, ки баъдтар ба шумо эълон хоҳад шуд".


Генерал Дэвид Ричардз-фармондеҳи нируҳои НАТО дар Афғонистон гуфтааст, дар сурати зарурат нируҳои НАТО вориди амал хоҳанд шуд, то тундравҳоро аз Мусоқалъа биронанд ва назорат бар ин шаҳракро дубора дар ихтиёри сарони қабоил гузоранд.


Якуми феврал Толибон ин шаҳракро ба тасарруфи худ дароварданд, бо вуҷуди ин ки сарони қабоили ин шаҳрак ба нируҳои давлатии Афғонистон ва Бритонё қавл дода буданд, ки афроди мусаллаҳро ба Мусоқалъа роҳ нахоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG