Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини сафири нави Тоҷикистон дар ИМА


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо судури як фармон сафири нави фавқулодда ва мухтори кишвараш дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таъин кардааст.


Бино бар иттилоъи дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Абдуҷаббор Ширинов сафири нави ин кишвар дар Амрико таъйин шудааст. Абдуҷаббор Ширинов дар ин симат Ҳамроҳхон Зариповро, ки ду моҳ пеш ба мақоми вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъйин шуд, иваз мекунад.


Абдуҷаббор Ширинов то ба ин авохир раиси кумитаи давлатии назорати молии Тоҷикистон буд, вале бар асоси ислоҳоти ду моҳ пеш анҷомшудаи сохтори ҳукумат, дар заминаи ин кумита як кумитаи бузургтари назорати молӣ ва сармоягузорӣ таъсис ёфт ва ба курсии раисии он Шариф Раҳимов, сафири собиқи Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО-ро таъйин карданд. Абдуҷаббор Ширинов қаблан дар тӯли чандин сол дар мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ ифои вазифа кардааст.
XS
SM
MD
LG