Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$: Дар се рӯз се сомонӣ гаронтар


Қурби доллар дар бозори асъори кишвар дар се рӯзи ахир боз ба миқдори се сомонӣ боло рафт.

Ҳоли ҳозир дар саррофиҳои пойтахт 100 доллари амрикоӣ ба 350 сомонӣ харид ва бар ивази 352 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳоле, ки қариб се рӯз қабл он ба 347 - 348 сомонӣ баробар буд. Дар ҳамин ҳол, қиммати расмии асъори хориҷӣ аз нуқтаҳои саррофӣ каме фарқ мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии долларро 347 сомонӣ таъин кардааст.

Ба фарқ аз дигар кишварҳо доллар эътиборашро дар бозори Тоҷикистон ҳифз карда ва қурбаш дар муқобили пули сомонӣ ба оҳистагӣ боло меравад. Танҳо дар як моҳи ахир баҳои ин арзи муҳими хориҷӣ дар бозори асъори пойтахт баробари як доллар боло рафтааст. Саррофон чун маъмул аз иллати гаронии арзи амрикоӣ изҳори беиттилоъӣ мекунанд.

Аммо масъулини Бонки миллӣ дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, боло ва поинравии пулли миллии сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ аз он вобастааст, ки тақрибан 98 дар сади қарордодҳои муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон бо доллар анҷом дода мешаванд. Раҳматшоҳ Додхудоев, сухангӯи Бонки миллӣ омилҳои дигари тағирёбии асъори хориҷиро чунин арзёбӣ мекунад:

«Чанд бонке, ки аъзои бозори байнибонкиянд, ҳамонҳо бо кадом фоизе, ки фурӯшанд. Фарз кардем 5 ё 10 банк байни худ доду гирифт мекунанд. Онҳо барои мисол 10 операция мегузаронанд дар масъалаи хариду фуруши ин ва ҳамон фоизро гирифта ба 10 тақсим мекунанд ва фоизи миёнавазн ҳосил мешавад, ки дар натиҷаи он курс муайян мешавад. Ин талабот аст, талабот зиёд шуд, курс баромадан мегирад ва ё пешниҳод зиёд шуд, қурб поён меравад.»

Ғолибан, бо болоравӣ ва ё коҳиш ёфтани арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҳама бештар мардуми оддӣ нигарон мешаванд. Одатан, бо тағйир ёфтани қурби доллару евро дар саррофиҳо нархи ҳамагуна молу маҳсулот дар бозор ҳам тағйир мекунад ва одатан ба сӯи гаронӣ. Ва аз болоравии нархи навбатии доллар дар саррофиҳо ҳам аллакай аксари мардуме, ки бе ин ҳам аз гаронии нархи бозор нороҳат буданд, норҳоттар гаштанд.

«Ина ҳисоб кунед, ки як линча орд аз 50 то 73 сомонӣ расидааст, ин ба ягон ҷо рост намеояд. Ҳозир нархи доллар ба 349-350 расид, шояд боз нархи орд 80-90 сомонӣ шавад. Ин ба қашшоқии халқи тоҷик оварда мерасонад.»

Дар ҳамин ҳол, як евро дар саррофиҳо баробар аст ба 4 сомону 52 дирам ва арзиши фурӯшаш 4 сомону 55 дирамро ташкил медиҳад.

Дар нуқтаҳои фурӯши асъори пойтахт ҳамчунин баҳои 100 рубли русӣ ба 10 сомону 25 дирам ва баҳои фурӯшаш ба 10 сомону 28 дирам мерасад.

Ҳамин тавр, ҳамаи бозорҳо дар Тоҷикистон аз растаҳои саррофӣ оғоз мегиранд ва як нигоҳ ба лавҳаи нархномаи ин раста кофист, ки аз ҳоли дигар нархҳои бозор огоҳ шавед. Ва аммо нархномаи растаҳои саррофӣ чандин моҳ аст, ки фақат ба сӯи афзоиши қурби доллару евро ва коҳиши қурби пули сомонӣ тағйир мекунанд.
XS
SM
MD
LG