Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз фасодзадагии риштаи беҳдошти Тоҷикистон


Тибқи омори мақомоти беҳдошти Тоҷикистон дар соли 2006 аз сӯйи ниҳодҳои қудратии кишвар ҳудуди 50 нафар корманди соҳаи беҳдошт бо иттиҳоми даст доштан дар фасодкорӣ мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Раъно Абдураҳмонова, вазири беҳдошти Тоҷикистон бо баёни ин матлаб иқрор кард, ки то ҳанӯз тамоюли фасодзадагӣ ва ришватситонӣ дар муассисаҳои тиббии ин кишвар ба мушоҳида мерасад.




Мақоми аршади вазорати беҳдошти Тоҷикистон афзуд бо таваҷҷӯҳ ба ин муборизаи шадид алайҳи ин раванди номатлуб дар соли ҷорӣ дар садри фаъолияти вазоратхонаи мазкур қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон вазири беҳдошти Тоҷикистон аз афзоиши ҳиҷрати хориҷӣ миёни мутахассисони тиббии кишвар изҳори нигаронӣ кард.




Хонум Абдураҳмонов сабаби рӯ ба хориҷ овардани мутахассисони варзидаро кам будани маоши пизишкон дар Тоҷикистон арзёбӣ кард ва гуфт умдатан пизишкони тоҷик ба Афғонистону Русия ҳиҷрат мекунанд. Ба гуфтаи вазири беҳдошти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба ин далел муассисаҳои тиббии Тоҷикистон қариб ба чор ҳазор нафар корманди тиббӣ эҳтиёҷ доранд. Вазири беҳдошти Тоҷикистон ҳамчунин аз сатҳи пасти омодасозии кадрҳои ҷавон дар донишгоҳи тиббии Тоҷикистон интиқод ва ба ислоҳи вазъ дар донишгоҳи мазкур таъкид кардааст.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG