Бунёди Мерос ё худ Haritage Foundation, як созмони таҳқиқотии Амрико, ва нашрияи низ амрикоии "Wall Street Journal" дар охирин таҳқиқоти худ таҳти унвони Шохиси Озодиҳои иқтисодӣ иқтисоди Ҳонгконгро озодтарин иқтисоди дунё донистаанд. Иқтисоди Ҳонгконг соли 13-ум аст, ки дар раъси ҷадвали Бунёди Мерос ва Волл Стрит Ҷорнэл қарор мегирад. Мақомҳои баъдиро дар ин ҷадвал, ки дар маҷмӯъ 157 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, Сингапур, Австралия, Амрико ва Зеландияи нав касб кардаанд.
Дар байни 25 иқтисоди озодтарини дунё метавон исми 15 кишвари Аврупоро низ пайдо кард, аз ҷумла 2 кишвари шӯравии собиқ - Эстония, ки дар мақоми 12-уми ин ҷадвал ҷой гирифта, ва Литва, ки ба мақоми 22-юм расидааст.
Ва аммо ду қудрати бузурги иқтисодии ҷаҳон Чину Ҳинд аз лиҳози шохиси озодиҳои иқтисодӣ, дар ҷадвали Бунёди Мерос ва маҷаллаи Вол Стрит Ҷорнэл, мақомҳои хеле поёни 104 ва 119-умро соҳиб шудаанд.
Бунёди Мерос ва Вол Стрит Ҷорнэл озодии иқтисодиро дар кишварҳоро бар асоси таҳқиқи 10 омил - озодии соҳибкорӣ, тиҷорат, низоми молиёт, озодии иқтисод аз давлат, озодии низоми дороӣ, муомилот, сармоягузорӣ, ҳаққи моликият, озодӣ аз фасод ва озодии шуғл ташхис мекунад. Дэниэла Маркҳейм, коршиноси аршади Бунёди Мерос ба Родиёи Озодӣ гуфт, пешрафти озодиҳои иқтисодӣ бо мизони озодиҳои сиёсӣ дар ҳар кишвар сахт тавъам аст ва тавре ҳам аз натоиҷи таҳқиқоти онҳо бармеояд, кишварҳое даст ба озодиҳои бештари иқтисодӣ ёфтаанд, ки озодиҳои сиёсиро хубтар муроот мекунанд. Омили дигари муҳим, ба назари хонум Маркҳейм, фасод аст, ки низ ба мизони озодиҳои иқтисодӣ дар кишварҳо, ба хусус дар кишварҳои шӯравии собиқ таъсири зиёд доштааст: "Фасод як мушкили бунёдист. Он рӯи тамоми соҳоти ҳаёти иқтисодӣ таъсир мегузорад. Ва агар баҳои кишвар дар ин бобат паст бошад, ин ба баҳои умумӣ низ таъсир мегузорад, чунки фасод ба бахшҳои дигари арзёбӣ - аз имкони дарёфти қарз то фурӯхтани маҳсулот ва ё тавони пайдо кардани ҷойи кор - таъсири бузург мегузорад. Ва дар амал ин нафақат бахши фасод, балки соъири бахшҳоро фаро мегирад, чунки ин ҳама ба нархҳо ва ҳамин тавр ба куллия соҳоти ҳаёти иқтисодӣ таъсир мегузорад. Ба назари ман, мизони баланди фасод ба маънии мизони пасти озодиҳои иқтисодист. Ва ҳар қадар фасод бештар бошад, барои озодиҳои иқтисодӣ бадтар аст, чунки ба қобилияти пешрафти ин кишварҳо таъсир мерасонад."
Аз байни кишварҳои шӯравии собиқ пешрафти ду кишвари соҳили Балтикро ёдовар шудем. Аммо акнун аз бақия: Дар ин ҷадвал Арманистон дар ҷойи 32, Гурҷистон дар мақоми 35, Латвия дар зинаи 41, Озарбойҷон - 107, вале Русияву Украина мутаносибан дар мақомҳои 120 ва 125 ва Беларус дар зинаи 145 қарор доранд. Дэниэла Маркҳейм вазъи озодиҳои иқтисодӣ дар Русияро чунин ташреҳ кард: "Онҳо дар амри коҳиш додани фоизи молиёт дар амал хеле пеш рафтанд ва акнун як меъёри муътадили молиётро ҷорӣ кардаанд. Ва ин кор ба онҳо имкон дод, дар амри назорати нархҳо ва масоиле ба мисли ин, ки ба мизони озодии муомилоти пул таъсир мегузоштанд, низ пеш бираванд. Мутаассифона, вуҷуди тамоюлҳои манфӣ дар истифода аз ҳаққи моликият, озодиҳои моливу сармоягузорӣ ва дар мавриди фасод, ки хеле чашмрасанд, комёбиҳои бадастомада аз коҳиши молиёт ва мизони дахолати мақомотро ночиз мегардонанд. Аз ин рӯ, Русия замони мушкилеро сипарӣ карда буд."
Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ шохиси аз ҳама беҳтари озодиҳои иқтисодиро муаллифони гузориши Бунёди Мерос ва маҷаллаи Вол Стрит дар Қазоқистон мушоҳида кардаанд. Қазоқистон дар ҷадвали нашршудаи озодиҳои иқтисодӣ дар мақоми 75 ва Қирғизистон 4 зина поёнтар ҷой гирифтаанд. Тоҷикистон дар ин ҷадвал мақоми 98-ум, Узбакистон ҷойи 132-юмро ишғол кардаанд. Аз ҳама ҷойин поёнтар дар ҷадвали шохи озодиҳои иқтисодиро аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон соҳиб шудааст. Муаллифони гузоришро Туркманистонро дар мақоми 152-юми ҷадвали худ ҷой кардаанд. Аз ин кишвар поёнтар дар ҷадвали Бунёди Мерос ва Вол Стрит Ҷорнэл танҳо 5 кишвари дигар - Бирма, Зимбабве, Либия ва Кубаву Куриёи Шимолӣ ҷой гирифтаанд.