Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи қатънома зидди ирсоли сарбозони иловагӣ ба Ироқ


Як гурӯҳ аз сенаторҳои бонуфузи Амрико гуфтанд, ки қатъномаеро ба зидди барномаи раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш, ки мехоҳад ба Ироқ 21 500 сарбози иловагӣ бифристад, таҳия кардаанд.


Ин қатънома баёнгари оғози мухолифати азими ҳукумати Амрико ва Конгресс дар робита ба ҷанг дар Ироқ маҳсуб мешавад. Муаллифони қатънома гуфтаанд, ки тааҳҳудоти Амрико ба Ироқ бояд танҳо дар сурати пуштибонии мардум ва Конгресс иҷро шавад.


Сенатори Ҳизби Демократ Ҷозеф Байден, ки дар таҳияи қатънома кӯмак кардааст, гуфт, амиқтар кардани фаъолиятҳои низомии Амрико дар Ироқ бо афзудани ҳузури нерӯҳои мо иштибоҳ аст.


Дар ин қатънома, ки ҳукми иҷро надорад, гуфта шудааст, ки таъмиқи фаъолияти низомии Амрико дар Ироқ ба нафъи манофеъи миллии Амрико нест.
XS
SM
MD
LG