Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муттаҳамон ба табаддулоти давлатӣ дар Озарбойҷон


Вазорати амнияти миллии Озарбойҷон гуфтааст, 13 нафарро бо иттиҳоми талош барои табаддулоти давлатӣ боздошт кардааст.


Сухангӯи вазорат, Орӣ Бобоев ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, пулиси Озарбойҷон дар пайи боздошти муттаҳамони дигар аст, ки ҳанӯз дар озодӣ ба сар мебаранд.


Вай тафсилоти дигаре дар ин бора ироа накардааст. Раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев феълан дар хориҷ аз ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG