Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стротежии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии пажуҳиши нави ин марказ дар заминаи фасодзагии ҷомеа бо номи «Коррупсия дар Тоҷикистон» баргузор шуд.
Ин пажӯҳиш, ки бо дастгирии моддии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ба дасти нашр расидааст, мизони фасодзадии мақомоти давлатиро дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллии ин кишвар ба баррасӣ гирифтааст. Дар пажӯҳиш беш аз 53 %-и пурсидашудагон посух додаанд,ки мавориди зиёди ришватситонӣ аз ҳама бештар дар миёни кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба мушоҳида мерасад.
Бино ба омори ҳамин манбаъ сатҳи фасодкорӣ дар мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон беш аз 40%-ро ташкил медиҳад, ки мояи нигаронист. Дар пажӯҳиши нав ҳамчунин ҷанбаҳои иҷтимоъиву иқтисодии падидаи коррупсия баррасӣ ва аз пайёмадҳои номатлуби он бар афкори ҷомеа ҳушдор дода шудааст.
Мақсади асосӣ танҳо қисман маҳдуд кардани доираи ин падида набуда, балки «ба чорчӯбаи муайян» дар ин замина даровардан, ҳимоя кардани оммаи васеи халқ аз ғоратгарии саросарӣ дар тамоми зинаҳо, яъне аз корманди оддии соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва милиса сар карда то намояндагони мақомоти олии ҳокимият, мебошад.