Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ҳукуматро бештар танқид карданист


PD

Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), гуфт, ҳизбаш аз ин ба баъд дар баробари сиёсати давлат мавзеъи интиқодии шадидтареро касб хоҳад кард.


Оқои Кабирӣ сиёсати давлат дар ду самтро ҳамакнун интиқод кард ва гуфт, яке ин ки давлат бо чолиши тундгароии мазҳабӣ рӯбарӯст ва манъи чанд ҳаракати мазҳабии сиёсӣ дар ин росто қобили арзёбист. Аммо ҳамзамон давлат ба ташаккулҳои расмии мазҳабӣ ва сиёсиро барои пушиши халои мавҷуд имкони камтар медиҳад. Аз ҷониби дигар гуфт, Муҳиддин Кабирӣ давлати Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ва ҷалби сармоя ба манзури иҷрои пружаҳои муҳим набояд танҳо ба як маркази қудрати ҷаҳонӣ имтиёз қоил бошад. Балки як сиёсати мутавозин ва бисёрсамтаеро дар ин замина ҳифз кунад.


Раиси ҲНИТ аз ташкили Ожонси навтаъсиси мубориза бо фасод низ истиқбол кард, вале афзуд дар шароите, ки расонаҳо озод нестанд ва ҷуръати ошкор кардани мавридҳои фасодро надоранд ва расонаҳо ва шаҳрвандон зимни саҳм гирифтан дар амри мубориза бо фасод худро дар паноҳи қонун эҳсос намекунанд, ба муваффақияти ин барнома камтар метавон умедвор шуд.

Раҳматкарими Давлат, Душанбе.
XS
SM
MD
LG