Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ришва одати ҳамарӯза шудааст


Як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стротежии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мафкураи мардум ҷойгир шудани он ақидаеро, ки бидуни ришва додан ба мансабдор ягон кор ҳал намешавад, пайомади хавфноктарини фасод номидааст.


Маркази тадқиқоти стротежӣ дар мавриди фасод дар Тоҷикистон ва таъсири он ба афкори умум пажӯҳише гузаронидааст ва маросими муаррифии он фардо, рӯзи 17 январ баргузор мешавад.


Ин пажӯҳиш фасодро на танҳо мушкили ҳуқуқӣ, балки ҳамчунин мушкили иҷтимоӣ-сиёсӣ арзёбӣ кардааст. Пажӯҳшгарон таъкид кардаанд, ки «аз байн бурдани» коррупсия ҳамчун зуҳури номатлуби ичтимоӣ ки дар сохтори ҷамъияти заминаи мустахками иқтисодӣ, сиёсӣ ва ичтимоӣ дорад, ғайриимкон мебошад.


Мақсади асосӣ танҳо қисман махдуд кардани доираи ин падида набуда, балки «ба чорчӯбаи муайян» даровардан, ҳимоя кардани оммаи васеи халқ аз ғоратгарии саросарӣ дар тамоми зинаҳо, яъне аз корманди оддии соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва милиса сар карда то намояндагони мақомоти олии ҳокимият, мебошад, омадааст дар пажӯҳиш.
XS
SM
MD
LG