Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатмарди қирғиз мегӯяд, марзбонони тоҷик ба ҷони ӯ сӯиқасд кардаанд


мф

Ниҳодҳои қудратии Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар сӯиқасд ба ҷони раиси ҳукумати вилояти Ботканди Қирғизистон Султонбой Ойҷигитов муттаҳам карданд. Онҳо мегӯянд, Ойҷигитов рӯзи сешанбе, 9-уми январ, ба манзури боздид аз ноҳияи Лайлак, ки бар асари заминларзаи шаби 8 ба 9 январ осеб дидааст, ба ин ноҳия сафар карда, дар масири Ботканд--Исфара аз қаламрави Тоҷикистон гузаштанӣ шудааст. Дар марз ӯро чаҳор марзбони тоҷик нигаҳ дошта, хостаанд мошини вайро тафтиш кунанд.


Аммо Ойҷигитов далел овардааст, ки ҳокими вилояти Ботканд аст ва мехоҳад, ба минтақаи заминларза равад. Яке аз марзбонони тоҷик ба ин суханони Ойҷигитов эътибор надода, бо мили калашников ба вай таҳдид кардааст. Марзбони тоҷик гуфтааст, агар аз мошин набарояд, ба ҷонаш хатар хоҳад афтод. Ойҷигитов маҷбур шудааст, кормандони ниҳодҳои интизомии Қирғизистонро ба ҷои ҳодиса даъват кунад. Чанд сокини маҳаллии қирғизтабор низ ин амали марзбонони тоҷикро дида, ба кӯмаки Ойҷигитов ҳозир шудаанд. Онҳо ҳамчунин ба нишони эътироз роҳи Ботканд--Исфанаро бастаанд, ки нақлиёти Тоҷикистон низ аз он убур мекунад.


Тибқи хабарҳои расида мақомоти марзбонии Қирғизистон ба унвони Раёсати марзбонии Вазорати амнияти Тоҷикистон як номаи расмӣ фиристода, хостаанд, ҳодиса пажӯҳиш шавад. Эркин Эсеналиев, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Ботканд мегӯяд, марзбонони тоҷик далел овардаанд, ки мошини Ойҷигитов дар онҳо шубҳа ба вуҷуд овард ва ин боиси чунин ҳодиса гардид.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG