Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи газ дар Тоҷикистон 70% зиёд шуд


Сарони ширкати воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" хабар доданд, ки сар аз рӯзи 12-уми январ нархи гази табиӣ дар Тоҷикистон 70 дарсад афзоиш ёфтааст. Раиси ин корхона Фатҳиддин Мӯҳсиддинов мегӯяд, ин афзоиш ба баланд шудани нархи гази Ӯзбакистон марбут буда, сар аз соли нав кишвари ҳамсоя ҳар ҳазор метри мукааб гази худро ба Тоҷикистон ба нархи 100 доллар мефӯрушад. То аввали январи имсол ин нарх барои Тоҷикистон 55 доллари амрикоӣ буд.

Ба қавли ин манбаъ, ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, нархи истифодаи 1000 метри мукааб газро барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ дар ҳаҷми 136 долари амрикоӣ муқаррар кунад. Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки беш аз 64 дарсади аҳолии Тоҷикистон поинтар аз хатти фақр ба сар мебарад, афзоиши қимати газ барои мардум мушкили нав ба миён хоҳад овард.
XS
SM
MD
LG