Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаъои "АиФ" алайҳи нашрияҳои русизабони Тоҷикистон


Ширкати саҳомии ҳафтвори «Аргументи и факти» имкон дорад бархе аз рузномаҳои русзабони чопи Тоҷикистонро барои бидуни иҷоза бознашр кардани матолиби ин нашрия ба додгоҳ барад.


Сергей Калинин муовини мудири рушди минтақаии «Аргумети и факти», ки рузи сешанбе зимни як нишасти хабарӣ ба муносибати нашри нахустини ҳафтанома дар Душанбе суҳбат мекард гуфт, мавриди истифодаи матолби «АиФ» дар нашрияҳои мухталифи Тоҷикистон зиёд шуда ва ширкати «АиФ» қасд дорад бо ин зуҳурот мубориза кунад.


У афзуд:" бо истифода аз фурсат мехостам ба ин нашрияҳо ҳушдор диҳам, ки ман зимни сафари худ ба Тоҷикистон намунаи ин нашрияҳоро гирд овардам ва ба шуъбаи ҳуқуқии "АиФ" ироа хоҳам кард. Мо бо чунин зуҳурот ҷиддан мубориза мекунем. Мо таҷрибаи инро дорем. Соли гузашта дар ин маврид бо як рузномаи русизабони амрикоӣ низ вориди баҳси додгоҳӣ шудем, ки ба нафъи мо ҳал шуд ва он рузнома баста шуд. Ман фикр мекунам қонунгузории Тоҷикистон низ ин мавридро иҷоза намедиҳад. Дар ҳар сурат шуъбаи ҳуқуқии «АиФ» идомаи ин қазияросуръат хоҳад бахшид ва ноширони тоҷик бояд ин огоҳиро ҷиддӣ бигиранд".


Дар ҳамин ҳол ноширони рузномаҳои Тоҷикистон низ инкор намекунанд, ки матолиби нашриёти Маскавро бидуни иҷоза ва гоҳҳо бидуни ишора ба манбаъ низ нашр мекунанд. Аммо "АиФ"-и Душанбе» ба гуфтаи масъулини он иборат аз 32 саҳифа шоми сешанбе нашр хоҳад шуд.



Бисту чаҳор саҳифаи он иборат аз матолиби аслии нашри Маскави «АиФ» буда, 8 саҳифаи онро матобиби марбут ба Тоҷикистон ташкил хоҳадод. Ин дар ҳолест, ки "КП" дар Тоҷикистон», яке дигар аз нашрияҳои Маскав, ки ҳафтаи гузашта дар омад, матлабе дар мавриди Тоҷикистон нашр накарда буд.

Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG