Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси аъзои собиқ Фронти халқии Тоҷикистон


Додгоҳи Олии Тоҷикистон панҷ тан аз аъзои собиқи Фронти халқӣ бо шумули як афсари умури дохилаи ин кишварро ба мӯҳлатҳои аз 13 то 15 сол равонаи зиндон кард.


Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Исмоил Боев ,Маҳмадраҳим Тӯрахонов, Шодмон Ҷӯраев ,Гулмурод Пирматов ва Холмаҳмад Гулов аъзои собиқи Фронти халқӣ дар ноҳияи Рӯдакиро дар қатли 19 нафар аз аҳли деҳаи Тилоободи ҳамин ноҳия дар солҳои 1992 -1993 муттаҳам шинохтаанд.


Салим Хоҷаев-додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, ин нафарон дар ду маврид 6 декабри соли 1992 17 ва рӯзи 9 январи соли 1993 ду нафар аз сокинони деҳаи Тилоободи ноҳияи Рӯдакиро барои тарафдорӣ аз оппозисияи тоҷик бо тири калашников ба қатл расонидаанд.


Ба гуфтаи вай, се нафари кушташудагонро Шодмон Ҷӯраев як нафарро Маҳмадраҳим Тӯрахонов ҳадафи тир қарор дода ва 14 нафари дигар бо дастони Файзалӣ Сайидов-аз фармондеҳони аршади Фронти Халқӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа ба қатл расонида мешаванд.


Аммо Саидов ҳанӯз дар соли 1993 кушта шуда, сардори гурӯҳи мазкур Сафар Тӯрахонов, ки фармондеҳии нируҳои Фронти халқии ноҳияи Рӯдакиро дар солҳои муқовимати мусаллаҳона ба ӯҳда доштааст то ҳанӯз мавриди ҷустуҷӯст.


Холмаҳмад Гулов яке аз ин панҷ нафар аъзои Фронти халқӣ то замони ҷангҳои шаҳрвандӣ ходими шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ буда ва дар замони боздошташ дар соли 2006 низ дар ҳамин идора кор мекардааст.
Аммо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ин афрод аз эътирофи ҷиноёти худ сарпечӣ карда бо шикоят аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест,ки ба таъйиди Хоҷаев, тибқи Қонуни афви Тоҷикистон дар соли 1998 тақрибан аз сеяки мӯҳлати ҷазо барои ин нафарон коҳиш дода шудааст.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG