Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли дорои 070707 муборак!


Ҳамаи ин рӯзҳо кас табъи хуши идона дорад, кӯшиш мекунад, ҳамаи бадиҳои соли рафтаро аз дилу зеҳнаш бишӯяд, даври дӯсту пайвандонаш нишинад ва дилашро ба хубиҳову хушиҳои соли нав боз бинмояд. Ва мусиқию таронаҳои дӯстдоштаашро мешунавад ҳатто гоҳе пойкӯбон ғазал мехонаду дастафшон сар меандозад. Шод зистан, ҳатто барои чанд лаҳза меросу васияти гузаштагон аст, дар он лаҳзаҳое ки ид меояд. Устод Рӯдакӣ гуфтааст:

Шод зӣ, бо сияҳчашмон шод,
К-ин ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!


Як соли дигар гузашт ва соли наве омад, магар намесазад, шукри он кард? Як сол пеш дар ҳамин рӯзҳо ман, ҳамнафаси Шумо Салими Аюбзод, ки як сол ҷавонтар буд ва аз мусиқие ки баргузид, шояд ҳис кардед, ки ҳанӯз ҳам ҳамон ҷавонест, ки як сол пеш буд, хуллас он як сол пеш, дар аввалин барномаи соли 2006 банда суханро аз зебоӣ ва мӯъҷиза шурӯъ карда буд. Зебоӣ чист ва мӯъҷиза чист ва чаро инсонҳо ба чунин падидаҳо майли бузург доранд? Бо истифода аз ҳамин майли инсонҳо нависанда ва коргардони телевизиони Швейтсария Бернард Вебер сар аз соли 2000-ум ба андешае афтод, ки оё номгӯйи 7 мӯъҷизаи ҷаҳон кӯҳна нашудааст? Оё башар дар ду ҳазор соли баъдӣ чӣ мӯъҷизаҳои наве офарид. Ин андешаи вай аз тарафи бунгоҳҳои ҷаҳонгардӣ ва Бунёди маърифату илму фарҳанги СММ ё Юнеско пуштибонӣ шуд ва ҷумбиши ҷаҳонии интихоби ҳафт мӯъҷизаи нави дунё оғоз ёфт. 3-юми январи соли 2006 Бернард Вебер дар барномаи Ҳамнафас аз ҳамаи шунавандагон хоста буд, аз 21 мӯъҷизаи номгӯйшудаи ҷаҳон 7-тояшро интихоб кунанд. Ва агар дар ёд дошта бошед, пас аз гуфтугӯ бо Вебер бо шоъираи тоҷик Фарзона сӯҳбат доштем, ки худ ба масал як мӯъҷиза аст ва мегуфт, мӯъҷиза чизест, ки бо ишқи бузург офарида мешавад ва ишқ худ мӯъҷизаест, ки инсонҳои оддиро низ мӯҳташам ва мӯътабар мегардонад. Бо ин гуфтаҳои Фарзона сӯҳбатро дар оғози сол аз зебоӣ ва мӯъҷиза сар карда будем ва орзуи зермаъноии чунин оғоз ин буд, ки бигзор соли нав барои шумо зебо ва пурэъҷоз бошад. Ва аз он ҷо ки барномаи Ҳамнафас маҷмӯъе аз контраст ё муқобалаҳост, баъдаш ба хотири ҳамсанҷӣ аз рақобат, риё, кинаву адоват ва пасон имон, нангу номус, росту дурӯғ ва фақру рушд низ сӯҳбат кардем.

ТАҒЙИРИ АРЗИШҲО

Ҳамнафасони закӣ кайҳо пай бурдаанд, ки интихоби мавзӯъҳо дар барномаи Ҳамнафас аз рӯзи аввали ба рӯйи мавҷҳо паҳн шудани он, баёнгари чанд тамоюл аст. Аввал, шинохт. Шинохти худ ва дигарон, шинохти мардуми хеш ва мардумони ҷаҳон. Шинохти зиндагие, ки дар атрофи мо мечархад ва гоҳе хандаи моро меораду гоҳе гиряи моро. Ин буд, ки ба таъсиси як иттиҳоди ҷавонони худшинос дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардем ва зимни ин бо пешниҳоди донишманди саршиноси тоҷик Акбари Турсонзод масъалаи гузашта ва имрӯзаи маҳалгароӣ дар Тоҷикистонро мавриди баҳс қарор додем, ки дасти кам дусад нафар ба таври мустақиму ғайримустақим дар ин баҳс ширкат карданд. Ва банда дар шаҳри Душанбе шоҳид будам, ки мардум аз ин баҳс ёд мекард, ҳарчанд иштибоҳан мегуфт, онро аввал нашрияи "Миллат" шурӯъ кардааст, дар ҳоле ки нашрия матни баҳси Ҳамнафасро бозчоп карда буд. Ин баҳс моро водор кард, то бубинем, дар 15 соли истиқлолият арзишҳои маданӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва рӯзгордории тоҷикон чӣ таҳаввулеро ба сар бурдаанд. Ва ҳатман гузориши ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат дар ёди шумост, ки коршиносон ба ӯ мегуфтанд, мафҳумҳои "ватан" ва "кишвар" маънии худро иваз карда, давлатдории миллӣ, парчаму суруди миллӣ аз аршиҳои наве ҳастанд, ки ҳамроҳ бо "истиқлолият" дар дилҳову зеҳнҳо ҷо мешаванд. Аммо меҳвари ҳамаи онҳо "озодист", ки одамон зершууран қабул доранд.
Дар баробари зуҳури арзишҳои нав ва ё бозшинохти мафҳумҳои кӯҳна, ки сол то сол тобиши нав пайдо мекунанд, бо табу ё ҳарому мамнӯъҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон низ таҳаввулоти ҷолибе рӯй медиҳад. Шурӯъи баҳси маҳалгароӣ аз барномаи Ҳамнафас ва ба воситаи нашрияи "Миллат" шикастани яке аз табуҳои маъмулӣ буд. Ҳарчанд дар оғоз ин баҳс бархе аз афродро нороҳат кард, тадриҷан онҳо низ ба гуфтугӯ шарик шуданд ва натиҷаи умумӣ ин буд, ки агар ҷомеъа ҳалли ин ё он мушкилро мехоҳад, бояд дар бораи он сӯҳбат кунад. Махфӣ доштани масъала танҳо ба бадтар шудани он сабаб мегардад.

ТАБУҲОИ СИЁСӢ

Вожаи "табу" нахуст ба дину мазҳаб бастагӣ дорад ва аммо маънии куллияш мамнӯъияти иҷтимоии фаъолиятҳои муайяни инсонист. Дар ҳоле ки бархе аз табуҳо заминаи муайяни ахлоқӣ доранд, сарманшаъи бархи дигар бо гузашти айём фаромӯш шуда, мардум онҳоро ба таври ғайриихтиёр риоят мекунанд ва онҳо бештар баёнгари таърихи ҷомеаанд, то коди ахлоқӣ. Аммо табуҳои сиёсии Тоҷикистони имрӯза дар солҳои охир шакл гирифтанд ва бидуни ҳеч эълоне мардум онҳоро риоя мекунанд. Дар моҳи июл, вақте ин мавзӯъро баррасӣ мекардем, бисёриҳо намехостанд, масалан, дар бораи ин ё он амали раисиҷумҳури Тоҷикистон назар диҳанд. Ваъда мекарданд, шояд баъд аз интихоботи шашуми ноябр дар ин мавзӯъҳо сӯҳбат кунанд. Гумон доштанд, каси дигар президент мешавад. Ин аст, намунаи барҷастаи табуси сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамнафаси онрӯзҳои мо, Нилуфари Собир бо сиёсатмадорони тоҷик дар миён гузошт ва маълум шуд, танқиди президент, мансабгирию истеъфо аз табуҳое ҳастанд, ки ҳеч кас намехоҳанд, ба онҳо "даст расонад". Ва ҳарчанд сӯҳбате ҳанӯз аз интихобот дар миён набуд, Нилуфар аз раҳгузарон сифатҳои раҳбари некро пурсид, ки ин албатта барономаи дигаре буд.

ИНТИХОБИ РАҲБАРИ ХУБ

"Бӯҳрони фалсафаи раҳбарӣ" унвон дошт он барнома, ки дар охирҳои моҳи сентябр пахш шуд. Дар он рӯзҳое ки як мақоми давлати Тоҷикистон дар ҳар маърака мегуфт, натиҷаи интихобот кайҳост, маълум аст ва таври дигаре нахоҳад шуд. Ва аммо назари раҳгузарони хиёбони марказии Душанбе, ки он рӯз бо садобар ё садогирҳои барномаи Ҳамнафас дучор мешуданд, дар бораи сифатҳои раҳбари нек ин гуна садо дода буд, ки маҳалгаро набошад, ба қонун эҳтъиром гузорад, афроди боҳунарро кӯмак кунад. Ва меҳмони барнома, амрикоии ҳиндутабор Байравӣ Десай, ки тавонист дар шаҳри Ню-Йорк 40 ҳазор ронандаи токсиро дар як созмон муттаҳид карда, аз ҳаққи онҳо дифоъ кунад, ба суоли кист раҳбари нек чунин посух дода буд. Аслан суоли ман дигар буд. Ин буд, оё се чизе ки раҳбари хуб набояд бикунад, чист?

Байравӣ: "Аввал ин ки раҳбари хуб ҳаргиз набояд иштибоҳи худро бо дурӯғ рӯпӯш кунад. Дувум ҳаргиз набояд манфиат ё худхоҳии худро аз манофеъи афроде ки аз онҳо намояндагӣ мекунад, боло гузорад ва савум, ҳаргиз набояд ноумед шавад.

МАВЗӮЪҲОИ ВИЖА

Дар барномаи Ҳамнафас дар соли 2006 ба мавзӯъҳое диққат дода шуд, ки шумо, ҳамнафасони азиз пешниҳод кардед. Масалан, вазъи ҳунари наққошӣ дар Тоҷикистон, муаррифии кишвар ба воситаи осори наққошони тоҷик дар Амрико ва кишварҳои дигар ва муносибати ислом бо наққошӣ. Ё худ парвози осмонхароши нархи манзилҳои зист дар шаҳри Душанбе, ки баъдан дар матбуоти Тоҷикистон идома кард. Ва ё вазъи варзиши ҳирфаӣ дар пасманзари ширкати Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии зимистона бо як варзишгари ориятӣ.
Ин барнома дар матбуоти тоҷик давом ёфт ва даҳҳо номаи мухлисони варзишро сомонаи интернетии мо нашр кард ва аз ҷумла таҳқиқе дар толорҳои варзиши ҳирфаӣ дар Душанбе, ки ҳамнафаси мо Абдураҳими Умарзод омода карда буд. Садои нирӯманди варзишгарон ва мураббиён ҳанӯз ҳамон вақт хабар медод, ки онҳо соли 2006 ба дастовардҳои хуб нойил мешаванд. Дар як соли ҳамнафасӣ мову шумо бо ҳам наздиктар шудем ва агар аз барномаи бахшида ба бойгониҳо дар ёд дошта бошед, ҳамроҳ сиёҳнависи таърихро омода кардем, нахустин порчаҳои онро дар веблог гузоштем, аз Википедия, донишномаи озоди интернетӣ сарнавишти миллати тоҷикро мутолиа кардем, хаёлан ба Уганда ва Руанда сафар кардаву аз бадбахтиҳое гуфтем, ки ҷангҳо ба сари мардум меоранд. Аз шоъирон ба ғайр аз Фарзона инчунин Фурӯғи Фаррухзод, Гулрухсор, Озарахш ва Зиё Абдулло аз меҳмонони мо буданд. Ва агар ба ҳафт мӯъҷизаи нави дунё баргардем, фаромӯш накунед, интихоби онҳо ба райъи шумо низ бастагӣ дорад. Ман ба тарафдорӣ аз Тоҷмаҳал, Харобаҳои Афина, Аҳромҳои Миср, Колизей, Петра дар Урдун ва Масҷиди Ҳаққия дар Истамбул, ки яке аз калисоҳои Византия буду ҳоло ҳамчун осорхона ба ҳама хидмат мекунад, овоз додам. Назархоҳии умумиҷаҳонӣ дар сафҳаи интернетии идома дорад. Натиҷаҳои он ҳафтуми июли соли 2007, таваҷҷӯҳ кунед, ҳафти ҳафти ҳафт (07.07.07), расман эълон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG