Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози рӯзҳои синамои Чин дар Душанбе


СД

Рӯзи душанбеи 25 декабр дар Кохи синамогарони Тоҷикистон дар Душанбе рӯзҳои синамои Ҷумҳурии мардумии Чин ифтитоҳ ёфт. Ба иттилоъи Ли Хой - сафири Чин дар Тоҷикистон дар тӯли чаҳор рӯз дар Душанбе панҷ филми чиноӣ, ки замони ахир навобардорӣ шудаанд, ба маърази тамошо гузошта мешавад.


Сафир афзуд, намоиши филмномаҳо, ки ба 15 солагии шурӯъи муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳо миёни ду давлати ҳамсоя бахшида шудаанд, тоҷиконро бо фарҳанг ва тамаддуни қадимаи Чин ошно мекунанд. Сафири Чин гуфт, синамои кишвари ӯ таърихи беш аз садсола дорад.


Сафар Ҳақдодов, раиси Кохи синамогарони Тоҷикистон гуфт, синамои чиноӣ ҳам барои бинанда ва ҳам барои санъатшиносони тоҷик муаммост, зеро то ҳанӯз филмҳои синамогарони ин кишвар дар Тоҷикистон бевосита ба намоиш гузошта нашудаанд.


Дар нахустин рӯзҳои синамои Чин дар Тоҷикистон, панҷ филмнома: «Волидони ман», «Сафари тӯлонӣ ба танҳоӣ», «кафҳои бузургу зебо», «Кекесили - мавзеъи дастнораси Хитой» ва «Қаҳрамонон дар замину осмон» ба намоши гузошта мешаванд. Тамоми филмҳо бо забони хитоӣ ва бо зернавишти русӣ таҳия шудаанд.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG