Кормандони хадамоти амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Чимканд воқеъ дар ҷануби кишвар як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 43 кило ҳероин боздошт карданд. Нурлан Таскинбоев –сухангӯи идораи хадамоти амнияти вилояти Қазоқистони ҷанубӣ ба радиои Озодӣ гуфт, дар сабукрави ҷавони 26 - солаи тоҷик се халтаи дорои 43 баста ҳар яке баробар ба тақрибан як кило пайдо карданд. Оқои Таскинбоев гуфт, ҳамчунин, дар мошин халтачаҳои латтагини мӯҳрдор ва дорои навиштаҷоти арабӣ, тарозуҳои электронӣ, халтачаҳои селофанӣ ёфт шудаанд. Кормандони хадамоти амнияти миллӣ ҳадс мезананд, ки ин ҳероин ҷиҳати интиқол ба Алмаато ва Русия омода шуда буд.
Ҷаноби Таскинбоев гуфт, дар робита ба ин воқеъа бахши бозҷӯии Идораи амнияти миллии вилояти Қазоқистони ҷанубӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Алъон, кормандони ниҳодҳои интизоми ҷустуҷӯӣ ду нафари дигарро, ки гуфта мешавад, дар ин амал даст доштаанд, оғоз кардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи Идораи амнияти миллии вилояти Қазоқистони ҷанубӣ дар ним соли ахир ин миқдори аз хама зиёди ҳероин аст, ки кормандони амнияти миллии кишвар кашф ва мусодира кардаанд.
Дар шаҳри Чимканд, маркази вилояти ҳаммарз бо Узбакистон ҳамчунин бархе аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ низ ҳангоми қочоқи маводи мухаддир боздошт гардидаанд. Аз ҷумла, дар оғози сол Умар Тулепов-- муовини сарвари идораи пулиси ҷиноии вилоят ҳангоми фурӯши ҳероин ба даст афтод ва додгоҳ ӯро ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато