Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷрои Вахш дар нимаи дуввуми декабр баста мешавад


СХ

Ширкати «Барқи тоҷик» санаи дақиқи садбандии рудхонаи Вахшро дар мавзеъи сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» эълом доштааст. Бино ба иттилоъи ҳамин манбаъ, қарор аст, умури садбандиии рудхонаи Вахш рӯзи 17-декабри соли равон анҷом бигирад. Дар ин робита шурӯъ аз фардо корҳои сохтмонӣ қатъ меёбад.


Масъулини ширкати «Барқи Тоҷик» гуфтаанд, маҳз анҷом наёфтани корҳои сохтмонӣ боиси ба таъхир афтодани садбандии рудхонаи Вахш дар маҳали сохтмони сарбанди «Сангтӯда-1» шуда буд.


Қарор аст, дар ин замина рӯзи 17 декабр интиқоли барқ дар саросари кишвар ба ҷуз иншооти ба ифодаи мақомот ҳаётани муҳим қатъ шавад.


Нерӯгоҳи «Сангтуда-1» бо ҳамдастии ширкати РАО »ЕЭС»-и Русия бунёд меёбад. Интизор меравад, навбати аввали он дар соли ояндаи- 2007 ба истифода дода шавад.

Аммо сохтмони пурраи он дар соли 2009 анҷом меёбад.Тибқи қарордод ҳафтоду панҷ дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба ширкати русӣ тааллуқ мегирад ва ҳаҷми умумии қимати лоиҳа қариб 500 миллион амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG