Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз пошхӯрии Шӯравӣ беш аз ҳама қирғизҳову тоҷикҳо таассуф мехӯрдаанд


Аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар миёни ҷамоҳири собиқи ин кишвар беш аз ҳама сокинони Қирғизистон ва Тоҷикистон мутаассиф будаанд.


Бино бар як назарсанҷие, ки як маркази таҳлилии Русия мавсум ба «Башкирова и партнери» доир намудааст, 78 %-и қирғизистониҳо ва 62 %-и сокинони Тоҷикистон аз фурӯпошии Шӯравӣ таассуф мехӯрдаанд.


Ҳокии ин хабар, хабаргузории Интерфакс навиштааст, теъдоди афроде, ки аз пош хӯрдани Шӯравӣ таассуф мехӯранд, сол аз сол кам мешудааст. Шумори чунин одамон дар Русия дар ду соли охир аз 71 дар сад ба 61 дар сад коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG