Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти кумисюни муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон


Шашумин нишасти Кумисюни муштараки Иттиҳодияи Аврупо ва давлати Тоҷикистон чаҳоршанбеи 6-декабр дар шаҳри Душанбе -пойтахти ин кишвар ба кор оғоз намуд.


Ҳайати Иттиҳодияи Аврупоро дар ин нишаст Андриаан ва дер Меер -масъули минтақавии ин созмон дар ҷамоҳири Қазоқистон,Қирғизистон ва Тоҷикистон раҳбарӣ менамояд.


Бино ба иттилоъи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қарор аст дар ин нишаст масоили марбут ба тиҷорат ва рушди муносиботи иқтисодии тарафайн мавриди баррасӣ қарор бигирад.


Нишасти шашуми Кумисюни муштараки Тоҷикистону Иттиҳодия Аврупо дар чаҳорчӯби қарордоди тавсиаи тиҷорат ва муносиботи иқтисодӣ баргузор мегардад. Ин қарордод соли 1989 миёни Иттиҳоди Аврупо ва давлати Тоҷикистон ба имзо расидааст.
XS
SM
MD
LG