Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бебарқӣ дар Суғд ҷони домоди ҷавонро рабуд


МИ

Заҳри дуди ангишт дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як арӯси ҷавонро аз шавҳари 21- солааш ҷудо кард. Субҳ аҳли хонавода арӯсу домодро дар хонаи хоб аз заҳри дуди ангишт беҳуш дарёфтаанд... Шаҳ, Рустам Рауфов ҳалок шуда, арӯс дар беморхонаи Хуҷанд дар ҳоли заҳролудии сахт бистарист.


Ба маълумоти идораи умури дохилаи Суғд, дар тайи беш аз 10 рӯзи бебарқии саросарӣ шаш сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон аз сармохӯрии шадид, заҳри дуди ангишт ва сӯхтор ҷон дода, ҳадди ақал панҷ нафари дигар бар асари чунин ҳодисаҳои нохуш ҷароҳатҳои сахт бардоштаанд. Ба навиштаи расонаҳои Суғд, ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз заҳри ангишт, таркиши газ дар манзил ва сармозанӣ бо оқибатҳои фоҷиабор тайи даҳ рӯзи ахир дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Панҷакенту Конибодом низ рух додааст.


Дар ин рӯзҳои сардӣ дар Суғд, ки рӯзона ҳарорати ҳаво 4 - 5 ва шабона то 10 дараҷаи зери мизони Селсий аст, бештари сокинон дар биноҳои бисёрошёна низ худу фарзандонашонро бо оташи ангишт дар сандалӣ ва бухориҳои бобоӣ гарм мекунанд. Як сокини Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯяд, шароити кунунӣ онҳоро ба ин кор водор кардааст.


Вале дар ҳамин ҳол, кормандони масъули идораи барқу гази Суғд мегӯянд, ҳифзи бехатарӣ ва саломати сокинон ба дасти худи онҳо аст. Тибқи мақоли «наҷоти ғарқшаванда ба дасти худи ӯст.» Ба гуфтаи онҳо, мӯҳлати берун рафтан аз бӯҳрони энержӣ ва таъмини бисёрсоати аҳолии Суғд бо барқу газ маълум нест ва эҳтимол дорад, барои муддати дарозе давом кунад, аз ин рӯ, ба воситаи расонаҳои маҳаллӣ сокинонро ба эҳтиёткории дучанд дар истифода аз дастгоҳҳои барқиву газӣ даъват мекунанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG