Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассисоти таълимиву тиббии Душанбе бе барқ намемонанд


Ба иттилоъи шаҳрдории Душанбе интиқоли барқ ба муассисаҳои таълимӣ ва тиббии пойтахти Тоҷикистон коҳиш намеёбад.


Шавкат Саидов сухангӯи шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон гуфт дар ҷаласаи изтирории шаҳрдории Душанбе,ки субҳи чаҳоршанбеи (29-ноябр ) доир шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев эълом доштааст,ки муассисоти таълимиву тиббии шаҳри Душанбе дар давраи маҳдуд гардидани реҷаи интиқоли барқ бо қувваи барқ таъмин мегарданд.


Оқои Саидов гуфт нишасти вижаи шаҳрдорӣ бинобар шурӯъи корбурди реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар саросари Тоҷикистон баргузор шудааст.Шавкат Саидов афзуд бар асоси дастури шаҳрдорӣ ҳамчунин қарор аст интиқоли барқ ба биноҳои баландошёнаи маскунии шаҳри Душанбе қатъ нагардад.


Гуфта мешавад интиқоли барқ дар корхонаҳое мутаваққиф мегардад, ки ин корхонаҳо аз лиҳози тавлидот муҳим шуморида намешаванд.Ҳамчунин сокинони манзилҳои шахсӣ, умдатан ҳавлиҳои маскунӣ бинобар шурӯъи реҷаи интиқоли маҳдуди барқ аз истифодаи нерӯи енержӣ маҳрум мегарданд.
XS
SM
MD
LG