Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САВОЛИ ШУМО БА РАҶАБИ МИРЗО


Ахиран, Раҷаби Мирзо 15 шаби худро дар маҳбас рӯз кард ва он ҳам барои нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон буд, ки журналист барои тазоҳурот ҳукми ҳабс гирифт. Раҷаби Мирзо лутф фармуд ва розӣ шуд, ки ба дидори интернетӣ бо хонандагони ozodi.org биояд. Агар суоле ба Раҷаби Мирзо доред ва ё ба ӯ ягон ҳарфе гуфтанӣ доред, сомонаи Озодӣ ин имконро бароятон фароҳам овардааст.

Озодӣ ҳаққи вироиши пайғомҳоро (суолҳо, назар) барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ ҳарфе дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест

Хонандаҳои азизи сомонаи Озодӣ! Мӯҳлати охирини қабули суолҳо ба Раҷаби Мирзо субҳи якуми декабр таъин шудааст. Агар суоле дигар ва ё ҳарфе дигар доред, лутф фармоед.



Акаи Раҷаб, хонаи мо намеоед? Шинем, сари як пиёла чой чорта чақ-чақ кунем, ака. Гаштед саратона бо ин бозиҳои фачи сиёсӣ вайрон карда.
Шӯҳрат

Дуруд бар ҳамватанон. Ман саволе дорам ба Раҷаби Мирзо.
1) Чаро баъд аз маҳбас шумо дигарбора эътироз накардед?
2) Ба фикри шумо, Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст?
Бо эҳтиром, Шӯҳрати Каздонӣ

Бо он ҳунар ва бо он ҷуғрофиёе, ки шумо доред, фикр намекунед, ки метавонистед, дар ҳукумат карйера бисозед? Агар ҳадафи шумо хидмат ба мардум бошад, ба фикратон агар дар ҳукумат мебудед, имкони бештари хидмат ба мардум бароятон пайдо намешуд?

Шумо ҳамчун фаъоли Ҳизби демократи Искандаров, ки интихоботи "қарибулгузашта"-и президентиро бойкот эълом доштаед, дар ҳоли ба Шумо пешниҳод шудани ин ё он вазифа бо ҳукумати ҷадид ҳамкорӣ кардан мехоҳед?
Сигуш

Дар маҳбас бо шумо чӣ гуна рафтор намуданд? Оё зарбу лат карданд, таҳқиру дашном карданд? Бо ҳамроҳонатон чӣ? Оё аз эътирози худ, боиси ҳабсатон гардид, пушаймон нестед? Оё қаблан чунин сурат гирифтани корро тахмин карда будед?

Салом ба ҳама хонандагони ин саҳифа. Манн се савол дорам ба Раҷаби Мирзо.
1) Шумо интихоботи имсоларо чигуна арзёбӣ мекунед?
2) Шумо баъд аз маҳбас боз дигарбора вориди ин бозии сиёсӣ шудаед ё не?
3) Шумо ҷаноби Раҳмоновро имрӯз сарвари давлат меҳисобед ё ғайриқонунӣ медонед?
Бо эҳтиром, Амбиё Раҳмонзода

Салом бародар Раҷаби Мирзо,
Чихеле, ки як бародар гуфтанд, фаъолияти сиёсии шумо норӯшан аст. Замоне мешунидем, ки шумо дар ҳизби оқои Р. Зоиров, ҳозир дар ҲДТ. Чаро ингуна рафту омад ба ину он ҳизб? Оё бо барномаи сиёсии оқои Зоиров қонеъ нашудед? Чаро ҳизби ӯро тарк гуфтед?
Мусофир

Саволи ман ба ҷаноби Мирзо ин аст, ки эшон ба ҳамсолони худ мисоли Р. Давлату Ф. Холбек, Х. Атовуллою А. Раҳмонов имрӯз чӣ муносибат доранд? Оё худро устоди онҳо дар журналистика меҳисобанд ё на?
С. Мирзода

Аз рӯзноманигорони ҷавони имрӯза киҳоро Шумо меписандед?
Азиз

Мӯҳтарам Раҷаби Мирзо, шумо шогирд доред? Киҳоянд онҳо? Кӯшишҳои кадоме аз эшон шуморо ба ояндаи журналистикаи кишвар дилгарм мекунад?
Собир Масъудов

Саволи ман ин аст, ки кадом китобро ё мактабро то охираш хондед?
Абдумалик

Аввалан, дуруд ба кормандони Озодӣ ва меҳмони олиқадри Майдони Баҳс!
Раҷаби Мирзо агар мо шуморо Ғӯрмагаси тоҷикӣ аз Войнич ном барем, хафа намешавед? Оё барои дуюмбора ба по намудани Рӯзи Нав ҷаҳд намудед ва агар ҳа, чӣ натиҷа дод?
Бо эҳтиром, Баҳман

Шунидаам, ки дар солҳои нобасомони ҷанг, замоне, ки шумо донишҷӯи оддӣ будед, аз дасти силоҳдорон боре Бозори Собирро халос кардаед ва бори дигар номуси як ҷавондухтари бадахширо ҳимоя кардаед? Оё рост аст? Мегӯянд, шумо ҳарчанд ҷисми паҳлавонона надоред, аммо дили паҳлавонона доред.
Бо эҳтиром, ҳаводори шумо

Ба номи Худо, ассалому алайкум кормандони хуби Радиои Озодӣ, ман аз шумо ташаккур мекунам, ки ин
баҳсро ташкил намудед.
Раҷаби Мирзо, ассалому алайкум. Шумо митинг намудед, оё ба зиндагии шумо ин митинг хатар надорад?
Дар зимн ман фикр мекунам, ки бародар Камолзод аз ҷаҳони Ислом бехабар аст, ки мегӯяд, «Ин таҷриба дар кулли давлатҳо, бахусус, давлатҳои мусалмонӣ бефоида анҷом ёфтааст.» Вале мо мушоҳида мекунем, баръакс ин митингҳо ба хусус дар давлатҳои исломӣ фоидаи худро додаст, ман аз давлатҳои мусалмонӣ мисол меорам. 1.Ирон. 2. Лубнон, ки Исроил 33 рӯз бо Лубнон ҷангид, вале шикаст хӯрд. Ҳамин ду кишвари исломӣ ба воситаи митинг тавонистанд, ки ҳукуматҳои собиқи худро решакан кунанд.
Бо эҳтиром, Абдусамади Раҳим

Мӯҳтарам Раҷаби Мирзо, оё пушаймон нестед, ки мақоми баланди журналистиро ба мақоми таззодомез ва дар Тоҷикистон камэътибори сиёсатмадор иваз кардед? Ба фаъолияти сирф журналистӣ бозгаштанӣ нестед? Аз журналистони тоҷик ба киҳо эътиқод доред?

Бо салом ба Раҷаби Мирзо. Албатта, мо савол медиҳем аммо "Озодӣ" рӯзи саволу ҷавоб бо шумо шояд ин саволҳоро надиҳад. Банда чунин савол дорам, ки:
1) Шумо аз ҷаҳони саввум чӣ умеде доред? Дар ҳоле, ки худатон медонед, дар ҷаҳони саввум мардум ба ҳеҷ коре ҳақ надоранд ва тавони истифода аз онро ҳам надоранд.
2) Дар кишваре, ки як қутби сиёсӣ дорад ва онҳое, ки ҳам ҳизбҳои гуногун ташкил кардаанд, дар дохили худ ваҳдат надоранд, оё ин ҳизбҳо метавонанд мардумро
думболи худ бибаранд?
3) Эътиқоди шумо барои демократия дар Тоҷикистон дар чист? Боз ҳам бо Ҳизби демократ ҳастед? Аз ин ҳизб хаста нашудаед? Беҳтар нест, як рӯзноманигори мардумӣ бошед? Банда дӯст медорам, ки шахсияте мисли шумо мардумӣ бошед ва ба ҳеҷ кадом аз ин аҳзоби дурӯғин вобастагӣ надошта бошед. Пуштибонӣ аз халқ кунед, то
пуштибонии халқро дошта бошед......
Бо эҳтиром, Низом Асомуддинов

Шумо дар донишкадаи рӯзноманигории ДДМТ муаллимӣ мекардед. Оё орзуи кушодани мактаби шахсии худро, ки дар охири солҳои 80-ум ва аввали 90-ум рӯзноманигорони беҳтарини тоҷик ташкил карда буданд, надоред? Ва агар дошта бошед кай ва чӣ гуна амалӣ мекунед?
Тоҷике дар ғарибӣ

Вақтҳои охир дар фаъолияти шумо норавшаниҳо ва ё таззодҳо мушоҳида мешавад. Масалан, шумо ваъда додед, ки норозигиятонро баъд аз интихобот иброз медоред, вале рӯзи 4-уми ноябр он ғайриинтизор сурат гирифт. Ин тактикаи махсус буд?
Ва суоли дигар ин ки он рӯз баъди пикет Озодӣ хабар дод, ки ин иқдом бо солгарди боздошти "Рӯзи нав" иртибот надорад! Баъдан, дар мусоҳибаатон дар "Вақт" ишора кардаед, ки 4 ноябр аз ҷумла рӯзи боздошти "Рӯзи нав" буд...
Шогирд

Ба назари шумо, барои чӣ дар дохили Ҳизби демократ муноқиша сар зад?

Ман шуморо якчанд маротиба дида будам ва ба гумонам чашми шумо дуруст буд. Ба шумо чӣ рух дод?
Бо эҳтиром Бахтиёр ва маъзарат мехоҳам агар саволҳои ман шуморо нороҳат карда бошанд.

Ба шахсоне, ки аз ифодаи иродаи худ метарсанд ва ё наметарсанд чӣ гуфтаниҳо доред?

Фикри Шумо оиди қонунҳои имрӯза?

Шунида будам, ки шумо иҷорашинед, оё дуруст аст? Умуман, вазъи молиятонро шарҳ медиҳед?
Бо ташаккур, Tax Department of Tajik People

Салом, савол ба Раҷаби Мирзо. Чаро шуморо ба маҳбас кашиданд, бо кадом сабаб? Магар ин қонунӣ буд?
Бо эҳтиром, Каздонӣ

Намешавад, ки камтар иғвогарӣ кунед, ё боз мехоҳед, ки аз сари нав митингбозию ҷангандозиятонро сар кунед?
Бигзоред, халқ тинҷу осуда зиндагӣ кунад!

Салому алайкум, бародари озодихоҳ Раҷаби Мирзо. Чуноне, ки ба шумо маълум аст, ин митингҳо ё озодихоҳӣ аз ҷамру ситам дар ҷаҳони сеюм бидуни фоида анҷом меёбад, ин таҷриба дар кулли давлатҳо, бахусус, давлатҳои мсалмонӣ бефоида анҷом ёфтааст. Саволи ман чунин аст:
1) Оё шумо медонистед, ки бо ин раванде, ки пеш гирифтед, метавонистед, орзуҳои худро ҷомаи амал пӯшонед? 2) Ба фикри шумо, демократияи воқеъӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад? Агар ҳа, мисоле аз ин давлатҳо меоред?
3) Оё дар давлате, ки диктаторӣ ҳукмрон аст, шумо умеде ба демократикунонии ин давлат доред?
Камолзода
XS
SM
MD
LG