Бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Алимамад Ниёзмамадов аз вазифаи раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуд.
Дар ин бора сомонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар нашр кардааст. Бино бар қавли дафтари матбуоти раиси ҷумҳурӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон Қодир Қосимов таъин шуд.Ҷаноби Қосимов қаблан муовинати вазири кишоварзиро бар дӯш дошт.
Ин нахустин тағйироти кадрӣ дар чунин сатҳи боло баъд аз оғози мӯҳлати саввуми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Чанд рӯзи қабл мири шаҳри Конибодом ва раиси ноҳияи Шуғнон низ иваз шуда буданд. Ҳамакнун, пас аз истеъфои ҳукумат интизор меравад, дар кобинаи ҷадид исмҳои нав ворид бишаванд.