Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳое барои раҳоии Тоҷикистон аз панҷаи вараҷа


ка

Бунёди глобалӣ барои панҷ соли оянда дар роҳи мубориза ба бемории сироятшавандаи вараҷа дар Тоҷикистон 5 миллион $ кӯмак кардааст.


Зиёвуддин Афғонов, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, тӯли нӯҳ моҳи ахир дар кишвар 1090 гирифтори ин бемории сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд. Оқои Афғонов афзуд, ки агарчӣ кам шудани теъдоди гирифторони ин беморӣ мушоҳида мешавад, аммо онҳо аз мубориза бо ин беморӣ даст нахоҳанд кашид.


Мувофиқи омори расмӣ, соли 1997 шумори гирифторони бемории вараҷа 30.000 нафар будааст. Сайфиддин Каримов, раҳбари маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, баробари бозгашти гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон дар соли 1997 ва баъд аз он теъдоди сироятшудагон афзуда буд, бештари онҳо дар минтақаи наздимарзии вилояти Хатлон ба сар мебурданд.


Ҳамчунин, дар як конфронси серӯзаи «Аз мубориза ба нест кардани вараҷа», ки бо ибтикори Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ сурат гирифт, таъкид шуд, Афғонистон кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон нуқтаи аслии барангезандаи ин беморӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст. Гуфта шуд, ки ҳоло дар Афғонистон беш аз 150 ҳазор гирифторони бемории вараҷа ба сар мебаранд.
Каюмарси Ато, Душанбе
XS
SM
MD
LG