Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Тоҷикистон озими Белорусия шуд


Тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъи ин кишвар субҳи имрӯз (23 ноябр )Тоҷикистонро ба қасди Белорусия тарк гуфтааст.

Фаридун Муҳаммадалиев сухангӯи вазири дифоъи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт вазири дифоъи Тоҷикистон дар нишасти вузарои дифоъи Иттиҳоди ҷомеаъаи кишварҳои муштаракулманофеъ,ки қарор аст имрӯз дар шаҳри Брест оғоз ба кор намояд, ширкат кунад.

Оқои Муҳаммадиев гуфт дар дастури ин нишаст масъалаи таъсиси низоми воҳиди зидди ҳуҷуми ҳавоии муштарак дар қаламрави Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ дар назар аст.

Ҳамчунин дар нишасти Брест қарор аст масоили тақвияти ҳамкориҳоии низомии муштарак миёни кишварҳои ҳамсуд дар дастури кор қарор бигирад. Гуфта мешавад дар канори ин, ҳамчунин масъалаи таъмини нерӯҳои зидди ҳавоии кишварҳои аъзои Иттиҳоди муштаркулманофеъ бо васоити нави зидди ҳуҷуми ҳавоӣ баррасӣ мегардад.

Дар ҳоли ҳозир Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон Қирғизистон Русия, Узбакистон ва Белоруссия узви ниҳоди муштараки Иттиҳоди ҷомеъаи кишварҳои муштаркулманофеъ - Паймони низомии дастаҷамъӣ ба ҳисоб мераванд.
XS
SM
MD
LG