Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои Осиёӣ: Тоҷикистон 5 : 1 Макао


Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар дуввумин дидори худ дар мусобиқоти пешакии гурӯҳии Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар дар шаҳри Доҳа бар тими Макао бо натиҷаи 5 бар 1 пирӯз шуд.

Наим Носиров, бозигари тоҷик дар дақиқаи 5-ум ҳисобро боз кард. Голи дуввуми дастаи Тоҷикистонро Бахтиёр Ҳасанов панҷ дақиқа қабл аз хотимаи қисми аввал ба самар расонд. Вале Леон Чон Ин дар замони изофӣ ҳисобро тағйир дод. Пас аз танаффус се бори дигар тӯб вориди дарвозаи Макао шуд. Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 73-юм голи севвуми дастаашро ба ҳадаф расонд. Голи чаҳоруми Тоҷикистон, ғайричашмдошт, баъди зарбаи Лао Пак Кин дар дақиқаи 74-ум вориди дарвозаи Макао гардид. Ва, ниҳоят дар дақиқаи дуввуми замони изофӣ голи панҷуми Тоҷикистонро боз Хуршед Маҳмудов ба самар расонд.

Карим Тошпӯлодов, сармураббии тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: " Дастаи мо, ки аслан аз бозигарони ҷавони синнашон то 23-сола иборат аст, пас аз ғалаба бар тими Макао барои роҳ ёфтан ба қисмати ниҳоии понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ шонси хуб пайдо кард."

Бозии дигари гурӯҳи «А» байни тимҳои мунтахаби Қирғизистон ва Урдун бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба поён расид. Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ тимҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон чаҳоримтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Қирғизистон (7 - 0) дар мақоми аввал ва Тоҷикистон (5 - 1) дар мақоми дуввум қарор гирифтаанд. Урдун бо 2 имтиёз дар ҷойгоҳи севвум аст. Макао бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин мебошад.

Гурӯҳи «В»:
Ироқ 2 - 0 Сингапур
Сурия 4 - 1 Индонезия

1.Ироқ - 6 имтиёз
2.Сурия - 4 имтиёз
3.Сингапур -1 имтиёз
4.Индонезия - 0 имтиёз

Дар даври охирини мусобиқот рӯзи ҷумъаи 24 ноябр дар гурӯҳи «А» Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Урдун бо Макао, дар гурӯҳи «В» Ироқ бо Сурия ва Сингапур бо Индонезия рақобат мекунанд.

Ғолибони ҳарду гурӯҳ ба қисмати ниҳоии понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ роҳ ёфта, ба қатори 22 дастае, ки ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд, ҳамроҳ мешаванд. Минҷумла, ғолиби гурӯҳи «А» бо тимҳои олимпии Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбакистон бозӣ хоҳад кард. Ҳамчунин ба ҷои Туркманистон, ки аз ширкат дар қисмати ниҳоии Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар даст кашидааст, беҳтарин тими дар мусобиқоти пешакии гурӯҳӣ мақоми дуввумро ишғолкарда дар гурӯҳи «F» бо Ҷопон, Куриёи Шимолӣ ва Покистон бозӣ хоҳад кард.


Даври аввали ин бозиҳо
XS
SM
MD
LG