Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими савгандёдкунӣ ва бе ширкати хориҷиён? Чаро?


Ин ҳам дар ҳолест, ки дар маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони президенти мунтахаб дар соли 1999 намояндагони баландмақоми кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Владимир Путин - нахуствазири вақти Русия ширкат ва суханронӣ карда буд.

Эмомалӣ Раҳмонов дар зиёфате, ки дар хатми ин маросим орост, изҳор доштааст, ки халқи шарифи тоҷик ӯро ба мансаби олии кишвар сазовор донистааст ва ба ҳамин далел даъвати меҳмонони берунаро зарур наҳисобидааст. Вале ҳамзамон, аз суфарои кишварҳои хориҷии ҳозир дар ин маросим гилоя кардааст, ки интихоби ӯ ба ин мақомро табрик накардаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари Маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки даъвати ширкати мақомоти баландпояи кишварҳои хориҷӣ, махсусан кишварҳои бонуфузи ҷаҳон ва минтақа аз сӯи ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аммо бо дарёфти посухи манфӣ аз ин кишварҳо, шояд мақомоти кишвар аз даъвати кишварҳои ба гуфтаи Сайфуллозода на он қадар муҳимм сарфи назар карда бошанд.

Аммо ба ақидаи Мунаввари Мунавварзод - узви Раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, адами ҳузури намояндагони баландмақоми кишварҳои хориҷӣ дар ин маросим ба интихоби маротибаи саввуми Эмомалӣ Раҳмонов ба ин мақом иртибот дорад. Оқои Мунаввар мӯътақид аст, ки созмонҳои байналмилалии нозир аз кишварҳои ғарбӣ баргузорӣ ва натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳуриро муғойир бо низоми демократӣ арзёбӣ кардаанд ва табиист, ки дар чунин вазъ намояндагони ин кишварҳо ширкат намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Сайфулло Сафаров - муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобастаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, маросими савгандёдкунии президент як маъракаи дохилист ва даъват накардани афроди воломақом аз дигар давлатҳо низ тасмими ташкилкунандагони ин маросим мебошад.

Шодӣ Шабдолов-раиси Ҳизби коммунист низ бо ишора ба масориф ва хароҷоти аз андоза зиёди масъулини давлат, ки дар чунин маросимҳо тараҳҳум ба буҷаи кишвар намекардаанд, аз адами ҳузури меҳмонони хориҷӣ истиқбол кард.

Бо ин ҳол, таҳлилгарон ва коршиносон ин иддаоро, ки набуди маблағи кофӣ далели даъват накардани меҳмонони олисавия аз кишварҳои хориҷӣ шудааст, таҳти шубҳа қарор доданд. Зеро, меафзоянд онҳо, президенти мунтахаби кишвар як бахши ин маросимро савори мошини гаронбаҳои хориҷии Роллс Ройс доир кард ва ҳамчунин қиммати нишони президентӣ,ки бори аввал аз сӯи Эмомалӣ Раҳмонов мавриди амал қарор дода шуд, болиғ ба миллионҳо доллар будааст.
XS
SM
MD
LG