Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Понздаҳ рӯзи зиндон паси сар шуд


Н.Холзода

Рӯзи якшанбе Раҷаби Мирзо - рӯзноманигор ва раиси бахши Ҳизби Демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар шаҳри Душанбе бо ду нафари дигар аз ҳамҳизбиҳояш аз зиндоне дар шаҳри Душанбе озод шуданд. Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе Раҷаби Мирзоро бо Хайриддин Гуляев ва Темур Искандаров -бародари Муҳаммадрузӣ Искандаров 4-уми ноябри соли равон боздошт ва 15 рӯзӣ ба зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ ин се нафарро бо ҷурми ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонунӣ гунаҳгор донист.


Субҳи 4 ноябр як гурӯҳи 20 нафараи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳамроҳ бо иддае аз ҷонибдорони Ҳизби Сотсиалисти ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев ва Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон дар баробари бинои вазорати адлия таҷаммӯъ карданд. Ин афрод қасд доштанд, аз ин роҳ эътирози худро дар баробари шиносоии расмии Ҳизби Демократии Масъуд Собиров аз сӯи вазорати адлия баён созанд. Аммо қабл аз оғози намоиш маъмурони амниятӣ афроди ҷамъ омадаро бо зӯр пароканда карданд.


Баъд аз раҳоӣ Раҷаби Мирзо гуфт, саломатии ӯву ҳамроҳонаш қонеъкунанда аст ва вай фаъолияти худро барои таъмини озодии баён ва озодии матбуъот дар Тоҷикистон идома медиҳад. Раҷаби Мирзо дар нахустин лаҳзаҳои баъд аз раҳоӣ аз зиндон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Қонунҳои Тоҷикистон ба гунае таҳия шудаанд, ки мақомот метавонанд, дар мавридҳои заруриашон ба одамони номуносиби худашон чунин рафтор кунанд.


Раҷаби Мирзо худро бегуноҳ медонад ва умедвор аст, ки чунин пешомад ба фаъолияти сиёсии вай таъсире нагузорад. Вай гуфт, нахустин коре, ки баъд аз раҳоӣ аз зиндон анҷом медиҳад, дидорбинии падару модараш дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст, ки ҳоло баъд аз озодӣ дар роҳ ба сӯи хонаи онҳост.
XS
SM
MD
LG