Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Роял - муддаъии курсии раиси ҷумҳури Фаронса


Хонум Сеголен Роял, номзади Ҳизби сотсиалисти Фаронса дар сабқати президентии Фаронса хоҳад буд. Хону Роял дар сабқати дохилиҳизбии сотсиалистони фаронсавӣ дастгирии 60 дар сади аъзои ҳизбро касб намуда, барои сабқат дар интихоботи баҳори соли оянда роҳхат гирифт. Мансабдорони ҳизб мегӯянд, аз тақрибан 220 ҳазор аъзои ин гурӯҳи сиёсӣ беш аз ҳаштод фоиз дар раъйдиҳӣ ширкат варзиданд.


Дар ҳукумати сотсиалистон, Роял вазифаи вазири муҳити зисти Фаронсаро бар ӯҳда дошт. Баъди эълони натиҷаҳои интихоботи дохилиҳизбӣ ӯ хушҳол аст, ки метавонад, аввалин зан - президенти Фаронса шавад.


Пешбинӣ мешавад, ки Роял дар интихоботи президентии Фаронса бо довталаби ростгаро: вазири умури дохилии Фаронса Никола Саркозӣ ва дигарон рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Интихоботи президентии Фаронса дар ду давр моҳҳои апрел ва маи соли оянда барпо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG