Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маркази Бишкек хона мехоҳед? Арзонакак, 70.000 $


Бишкек

Ба назар мерасад, дар шаҳри Бишкек нархи манзил мунтазам боло меравад. Елена Чернишова-менеҷери маркази амволи ғайриманқули Теодор, мақарраш дар Бишкек дар ин робита мегӯяд, ки нархи манзил устувор нест. Ӯ мегӯяд, агар манзили якутоқа дар маркази шаҳри Бишкек аз 17 то 23 ҳазор доллари амрикоӣ ва ҳатто аз он ҳам бештар ба фурӯш равад, дар микрорайонҳои ҷанубии шаҳр нархи манзили якутоқа аз 16 то 20 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи хонум Чернишова, дар беруни шаҳр нархи манзил дар таносуб ба маркази шаҳр ва микрорайонҳои он фарқ мекунад. Вай мегӯяд, ки дар манотиқи наздишаҳрӣ манзили якутоқа дар ивази аз 8 то 15 ҳазор ва манзили ду ё сеутоқа аз 12 то 20 ҳазор доллар қиммат дорад. Бону Чернишова гуфт, дар маркази Бишкек чандин манзил бунёд шуд, ки арзиши онон аз 50 то 70 ҳазор доллари амрикоист.

Елена Чернишова дар мавриди сабаби боло рафтани нархи манзил мегӯяд, бонкҳои зиёд нисбат ба ду-се соли пеш пардохти қарзҳои дарозмуддатро барои мизоҷон хеле содда намуданд ва афроде, ки барои харидани манзил эҳтиёҷ доранд, маҳз ба ин бонкҳо муроҷиат ва аз хизмати ин бонкҳо истифода мекунанд. Елена Чернишова гуфт, вале бонкҳо аз баррасии даромади мизоҷони худ сарфи назар кардаанд, ки шояд ин раванд ба боло рафтани нархи манзил дар Бишкек мусоидат кардааст.

Ба гуфтаи коршиносон дар авохири солҳои навадуми қарни гузашта ва ду соли аввали ҳазораи севвум, дар маркази шаҳри Бишкек нархи манзили якутоқа дуввуним-се ҳазор доллар буд ва дар ивази чаҳор-панҷ ҳазор доллар кас метавонист, барои худ манзили ду ё сеутоқа бихарад. Коршиносон меафзоянд, ҳамчунин нархи хонаи дуутоқа дар микрорайонҳои Бишкек аз се ҳазор доллари амрикоӣ беш набуд. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун барои харидани манзили дуутоқа беш аз 18-20 ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст.

Бар асоси гуфтаи коршиносон, ба далели он ки сохтмони манзил, ба вижа дар Бишкек ва минтакаҳои наздишаҳрӣ хеле ба кундӣ пеш меравад, нархи манзил дар пойтахти Қирғизистон афзоиш хоҳад ёфт. Коршиносон мегӯянд, ки гузашта аз ин, мавҷи муҳоҷирони маҳаллӣ аз манотиқи ин кишвар ба Бишкек боло меравад ва коҳиши нархи манзил дар Бишкек дар ду- се соли оянда аз эҳтимол дур хоҳад буд.

Дар шахри Уш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон нархи манзил тақрибан мусовӣ бо нархи манзил дар Бишкек будааст.
XS
SM
MD
LG