Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни Тоҷикистону Эрон хатти мустақими иртиботӣ фаъол мегардад.


Ширкати хусусии эронии «Роҳёби фаново», ки дар заминаи текноложии иртиботӣ машғул ба фаъолият аст, эълом доштааст дар амри эҷоди хатти мустақими алоқа миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон мусоидат менамояд.

Ин матлаб дар як тавофуқномае, ки миёни ширкати мазкур ва Вазорати мухобироти Тоҷикистон ба имзо расид,эълом шудааст. Бар асоси ин тавофуқнома қарор аст бо кӯмаки коршиносони эронӣ байни Тоҷикистону Эрон барои нахустин бор хатти мустақими иртиботӣ фаъол гардад.То кунун ба далели набуди чунин имкон иртиботи телефонӣ байни ҶИЭ ва Тоҷикистон танҳо аз тариқи Русия ва Олмон имконпазир аст.


Бар асоси қарордоди ба имзо расида миёни ширкати «Роҳёби фаново»-и ҶИЭ ва Вазорати мухобироти Тоҷикистон ҳамчунин дар назар аст мутахассисони эронӣ дар таъсиси як маркази саросарии иттилоъотӣ дар Тоҷикистон саҳм бигиранд.
Феълан дар Тоҷикистон панҷ ширкати мухобиротии ҶИЭ дар заминаи фановариҳои иртиботӣ машғул ба фаъолият аст.Вале ширкати «Роҳёби фано» аввалин ниҳоди мухобиротии ҶИЭ аст,ки расман дар Вазорати мухобиротии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
XS
SM
MD
LG