Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси маркази таҳқиқоти стратегӣ: "Барои Тоҷикистон низоми сеҳизбӣ мувофиқтар аст"


Сӯҳроб Шарифов - раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҷиҳати тақвият ва таҳкими ҷомеаи маданӣ ва рушди демократия дар кишвар низоми сеҳизбӣ муносибтар аст. Оқои Шарифов мегӯяд, ин аҳзоб: Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист мебошанд, ки миёни ҷомеа аъзо ва ҷонибдорони устувор доштаанд.


Ба назари оқои Шарифов, аҳзобе назири сотсиал-демократ ва демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар ҷомеа ҷойгоҳи муносиб касб накарданд.


Аммо ба ақидаи бархе аз роҳбарони аҳзоби сиёсии мухолифи давлат, аз ҷумла Раҳматулло Валиев- муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, чунин андеша, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар танҳо се ҳизб ва яке он ҳам Ҳизби халқӣ-демократӣ боқӣ хоҳад монд, хостаҳои як гурӯҳ аст, на воқеияти сиёсии Тоҷикистон.


Тафсили ин мавзӯъ зери ин хати сабз ниҳон аст
XS
SM
MD
LG