Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Депутат муаллимро латукӯб кард


Қўрғонтеппа

Барои ба чиниши пахта равона нашудани толибилмон, як масъули мактаби миёна дар ноҳияи Восеъ зарбу лат шудааст.

Раҳматулло Мўсоев, муовини сарвари мактаби таҳсили ҳамагонии рақами 34-и ноҳияи Восеъ бо ин сабаб, ки ҳудуди 70 шогирди ин таълимгоҳ ба ғунучини пахта бо таъхир ҳозир шуданд, аз сўйи Сафар Мирзоалиев, вакили маҷлиси вакилони вилояти Хатлон, раиси хоҷагии «Яп»-и ноҳияи Восеъ латукўб шудааст.

Тавре омўзгор Мўсоев дар номаи додаш ба унвони мақомоти интизомӣ навиштааст, намояндаи маҷлиси вакилони халқи вилоят ўро дашномҳои қабеҳ дода ва таҳдид кардааст. Ҷаноби Мўсоев бар асари латукўб шуданаш захм бардошта, бистарӣ шудааст. Ў навиштааст, ки устодон ва шогирдони макотиби миёнаи ин маҳал ба сурати иҷборӣ ба умури саҳроӣ ҷалб мешаванд ва то анҷоми кори саҳро ба омўзгорон мураххасӣ дода намешавад. Ба ҷуз ин, барои ҷамъоварии пахта устодон ва толибилмон ҳаққуззаҳма намегирифтаанд ва танҳо пас аз ғунучин, дар нимаи дуюми рўз равонаи мактаб мешудаанд.

Ҳасан Муродов, сардори идораи маорифи Хатлон бо интиқод аз таъқиб шудани омўзгор дар ноҳияи Восеъ гуфт, идораи маориф аз додситони вилоят тақозо кардааст, то вакили мардумӣ Сафар Мирзоалиев ба муҷозот кашида шавад:

Ҳасан Муродов: «Дар моддаи 66-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст, ки хонандагон пурра аз корҳои кишоварзӣ озод мебошанд, аммо ин муаллим, ки бо ҳисси ватандўстӣ, инсонгароӣ бо шогирдонаш ба кишоварзон кўмак кардааст, ба ҷойи меҳнаташро қадр кардан, ўро раиси хоҷагӣ ва боз депутат бо ронандаи мошинаш ба ҷойи хилват бурда ва латукўб кардаанд. Мо ба прокуратураи вилоят мактуб навиштем ва умед дорем, ки ин кирдори амалдор беҷавоб намемонад»

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, вакили мардумӣ аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархўрдор аст ва алайҳи ў боз кардани парвандаи ҷиноӣ ғайримумкин дониста мешавад. Танҳо Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон метавонад Сафар Мирзоалиевро аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум созад.

Дар ҳоли ҳозир, додситонии вилояти Хатлон тасмим дорад, инчунин ду намояндаи дигари Маҷлиси вакилони ноҳияи Восеъро низ бинобар фаро рафтан аз ваколати хидматӣ ба муҷозот кашад. Аммо дархости додситонии Хатлон дар бораи маҳрум кардани онҳо аз ҳаққи вакилиро маҷлиси вакилони Восеъ се маротиба рад кардааст.
XS
SM
MD
LG