Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақрибан 300 муҳоҷири тоҷик аз ғуломӣ озод шуданд


мс

Наздик ба 300 муҳоҷири тоҷик, ки тайи сол дар корхонаи хишти шаҳри Иркутски Русия ҳамчун ғулом кор мекардаанд, дар ҳамдастӣ бо созмони иҷтимоъии тоҷикон ва пулиси шаҳр ахиран озод карда шуданд.


Мурувват Маликшоев, раиси ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Иркутск ба радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, ҳамаи озодшудагон сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон ҳастанд ва ба ивази заҳмати тоқатшикан дар хумдонҳои пуроташи хиштпазӣ дар сол танҳо то 12 ҳазор рубл , муодили 400 доллар музд дарёфт мекардаанд. Мурувват Маликшоев ҳамчунин хабар дод, ки дар қиболи раиси корхонаи хишти шаҳри Иркутск бо ҷурми истифодаи ғайриқонунӣ аз нирӯи кории хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст ва бозрасӣ идома дорад.


Муҳаммадӣ Ҷалилов, масъули умури муҳоҷират дар сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳодисаи ғуломии муҳоҷирони тоҷик дар Иркутск ибрози бехабарӣ кард, вале ҳамзамон гуфт, ки ин ҳодиса нав нест, феълан, дар ин замина ба сафорат шикояти зиёд расидааст. Ба гуфтаи намояндаи сафорат муҳоҷирони тоҷик аслан ҳуқуқи худро намешиносанд ва ба ҳамин далел ба дасти корфармоёни беинсоф меафтанд.


Бино ба оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар Русия ҳарсола аз 500 ҳазор то як миллион муҳоҷирони тоҷик кор мекунад. Бахши аъзами онҳо ба далели надоштани имкони сабти иқомат, дар саввумин рӯзи вуруд дар ин кишвар муҳоҷири ғайрирқонунӣ шуморида мешаванд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG