Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон


Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натоиҷи ниҳоии интихоботи раиси ҷумҳурии рӯзи шашуми ноябрро эълом кард.


Ин натоиҷ аз омори аввалия, ки як рӯзи баъд аз интихобот аз ҷониби КМИР эълом шуда буд, тафовути кам дорад. Танҳо арқоме, ки иваз шудааст, теъдоди раъйҳои гирифтаи Исмоил Талбаков ва Амир Қароқулов ва шумори афрди дар интихобот ширкаткарда будааст.


Натоиҷи ниҳоии интихоботи раиси ҷумҳурӣ чунин аст: (дар қавсайн, натоиҷи аввалия)


Эмомалӣ Раҳмонов, Ҳизби халқӣ-демократӣ - 79,3 % (79,3%)
Олим Бобоев, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 6,2 % (6,2%)
Исмоил Талбаков, Ҳизби коммунист 5,23 % (5,1%)
Амир Қароқулов, Ҳизби кишоварзӣ 5,15 % (5,3%)
Абдулҳалим Ғаффоров, Ҳизби сотсиалистӣ 2,8 % (2,8%)


Бино бар натоиҷи ниҳоии интихобот, дар он 90,89 дар сади сокинони ҳаққи райъдошта ширкат кардаанд. КМИР қаблан эълом карда буд, ки дар интихобот 91 дар сад ширкат кардаанд.


Кумиссиюни марказии интихобот ҳамчунин эълом кардааст, ки Тоҷикистон барои баргузории интихоботи рӯзи шашуми ноябр беш аз ҳаштсад ҳазор доллар сарф кардааст. Ин маблағ барои нашри беш аз се миллион баргаи интихоботӣ, гувоҳномаҳои номзадон ва афроди мавриди эътимоди онҳо, барои хариди се ҳазор қуттии шаффоф, омода сохтани ҳафзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ масраф шудааст.
XS
SM
MD
LG