Вазирони нақлиёти кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором рӯзи 11 ноябр, дар рӯзи ниҳоии анҷумани худ дар Пусани Куриёи Ҷанубӣ ба эъломияе имзо гузоштанд, ки ба таъмини амнияти бештар дар роҳҳои ин минтақа даъват мекунад. Бар асоси ин эъломия, бояд то соли 2015 шумори онҳое, ки дар асари садамаҳои нақлиётӣ ҳалок мешаванд, ба 600 000 нафар коҳиш дода шавад. Бино ба оморҳо, беш аз нисфи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон дар роҳҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ба ҳалокат мерасанд. Ба ҳисоби Созмони ҷаҳонии беҳдошт, танҳо дар соли 2004 дар асари садамаҳову сониҳаҳо дар ҷаҳон 1,2 миллион нафар кушта ва беш аз 50 миллион нафари дигар маҷрӯҳ ва ё маъюб шудаанд.
Рӯзи ҷумъа дар анҷумани Пусан вузарои нақлиёти 18 кишвари минтақа - аз Эрону Тоҷикистон то Чину Ветнам - созишномаи байндавлатӣ дар бораи шабакаи роҳи оҳани ТрансОсиёро имзо карданд. Ҳадаф аз ин қарордод тавсиъаи роҳҳои оҳани минтақа ва таҳияи механизмҳои соддатари ҳамлу нақли молу коло ва мусофирон тавассути чунин роҳҳост. Сухан дар бораи тарҳе меравад, ки ҳанӯз соли 1960 аз сӯи СММ бо номи "Роҳи оҳани Абрешим" таҳия шуда, эҳёи роҳҳои корвонгузареро дар назар дошт, ки аз аҳди қадим Аврупоро бо Осиё мепайваст. "Роҳи оҳани Абрешим" дар маҷмӯъ бояд 81 000 километр тӯли роҳи оҳани 28 кишварро фаро бигирад.