Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо дар интихобот ба Сенат пирӯз шуданд


Ҳизби демократи Иёлоти Муттаҳида дар Сенат - палатаи болои Конгресс низ бештари курсиҳоро соҳиб шуд. Бегаҳи панҷшанбе номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷорҷ Аллен бохти худ дар интихобот дар ёлати Вирҷинияро эътироф кард - ҳарифи ӯ номзади демократҳо Ҷим Веб бо фарқи начандон бузург пирӯз шуд.
Ҷорҷ Аллен имрӯз ба хабарнигорон гуфт:

Сокинони Вирҷиния ақидаи худро баён карданд ва ман ин тасмимро эҳтиром мекунам. Тавроту Инҷил ба мо таълим медиҳад, ки ҳар чиз вақт ва макони худро дорад ва ман имрӯз бо ҳарифам Ҷим Веб дар тамсо шудам ва ӯву тимашро бо пирӯзӣ табрик гуфтам. Ман ба Ҷим Веб фаъолитяи хуб дар Сенатро таманно кардам ва ӯро итминон додам, ки барои ҳамкорӣ зимни супурдани аснод комилан омодаам.

Қаблан дигар номзади Ҳизби демократ Ҷон Тестер дар ёлати Монтана бештари раъйҳоро ба даст оварда буд.
Ба ин тариқ ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон соҳиби 49 курсӣ дар Сенат шуданд ва аммо ду сенатори мустақил изҳор карданд, ки бо демократҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард. Қаблан Ҳизби демократ дар Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии Конгресс низ пирӯз шуда буд.
Дирӯз Ҷорҷ Буш - раиси ҷумҳури Иёлоти муттаҳида раҳбарони Ҳизби демократро барои ҳамкорӣ даъват кард. Ӯ бо Нэнси Пелоси, ки сарварии Палатаи намоядагонро бар дӯш хоҳад дошт, дидору гуфтугӯ кард. Ҷорҷ Буш баъд аз ин мулоқот гуфт:

Мо сӯҳбати, метавонам бигӯям, бисёр созанда ва дӯстона доштем. Мо ҳарду иқрор мекунем ваё ҳар яке аз ҳар сеи мо ба шумули Ҳойер иқрор мекунад, ки агар пирӯз шудед, масъулед ба хотири кишваратон корҳои беҳтареро анҷом диҳед

Дар ҳамин ҳол намояндаи Департаменти давлатии Иёлоти муттаҳида Шон МакКормак изҳор намуд, ки натоиҷи интихобот ба Конгресс сиёсати Амрикоро дар робита ба чанд мушкили калидии байнулмилалӣ тағйир нахоҳад дод. Миёни ин мушкилот ӯ барномаҳои ҳастаии Эрон ва Куриёи Шимолӣ ва низоъ миёни Исроилу Фаластинро номбар кард. Ба гуфтаи Мак Кормак, Вошингтон дар ин масоил аз мавзеъи дуруст кор гирифтааст ва ин мавзеъро тағйир доданӣ нест.
XS
SM
MD
LG