Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Сарқонуни нави кишварро ба имзо расонид


Утоқи ахбор Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон Сарқонуни нави кишварро ба имзо расонид, ки тибқи он парлумон салоҳияти бештар касб карда нақши раиси ҷумҳурӣ маҳдудтар мешавад.

Боқиев, ки пештар аз парлумон ба тасвиби Қонуни асосии кишвараш иқдом намуд, аз ин ҳодиса чун як руйдоди муҳими таърихӣ дар Қирғизистони баъдишуравӣ истиқбол кард. Вай гуфт:

"Санади мазкур барои рушди демократияи Ҷумҳурии Қирғизистон ва такмили заминаҳои қонунии давлати мо як иқдоми тоза мебошад - дар кишваре, ки дорои раиси ҷумҳурии қавӣ, парлумони қавӣ, ҳукумати қавӣ ва ҷомеаи болиғу бомасъулияти шаҳрвандӣ мебошад"

Тибқи банди 96 Қонуни асосӣ, салоҳиятҳои Боқиев то анҷоми мӯҳлати панҷсолаи раёсатҷумҳурии вай дар соли 2010 бетағйир мемонад. Қабули Сарқонуни нави Қирғизистон баъди тазоҳуроти якҳафтаинаи мухолифин дар маркази шаҳри Бишкек имконпазир шуд. Тибқи иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар ин намоишҳои эътирозӣ, ки дар майдони Алатоои Бишкек ҷараён гирифтанд, ҳудудан 15000 нафар иштирок карданд.
XS
SM
MD
LG