Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч ба Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор додааст, ки мизони таҳрими Узбакистонро сабук накунад. Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Брусел мақомоти Иттиҳодияи Аврупо бо ҳайъати Узбакистон вомехӯранд. Тибқи баъзе ишораҳо шояд Иттиҳодияи Аврупо таҳрими Узбакистонро коҳиш ва ё ҳатто комилан лағв намояд. Таҳрими Узбакистон моҳи октябри соли 2005 ҷорӣ шудааст. Он замон мақомоти Тошканд ба тафтиши мустақили байналмилалии таъқиби гирдиҳамоиии моҳи маи соли 2005-уми шаҳри Андиҷон иҷозат надоданд.
Ба гуфти мансабдори Ҳуман Райтс Воч хонум Вероника Ченте лағви таҳрим фишанги таъсири Иттиҳодияи Аврупо рӯи Узбакистонро аз байн мебарад.
Ҷумҳурии Федералии Олмон, ки моҳи январи соли оянда раҳбарии даврии ттиҳодияи Аврупоро бар дӯш мегирад, саъй дорад, ки таҳрими Узбакистонро бо манъи рамзии фурӯши аслиҳа ба Тошканд маҳдуд намояд.