Имрӯз дар маркази шаҳри Бешкек бархӯрди тарафдорон ва мухолифини ҳукумати Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст. Гурӯҳҳо ба тарафи ҳамдигар шишаву санг ҳаво додаанд, ки дар натиҷа ҳадди ақалл як кас маҷрӯҳ шуд. Хадамоти амниятӣ бо истифода аз гази ашковар гурӯҳҳоро аз ҳам дур карданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Бешкек иттилоъ медиҳад, ки ба майдони марказии пойтахти Қирғизистон мошинҳои зиреҳпӯш интиқол дода шуд.
Мурод Суталинов раиси Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон аз макони бархӯрд боздид намуд. Ӯ иддаои мухолифинро, ки мақомот бархӯрдро тарҳрезӣ карда буданд, беасос номид:
" Бархӯрд шурӯъ шуда ва мо маҷбур шудем, ки ба миёна дароем. Сипас мо гурӯҳҳоро пароканда кардем. Чӣ кори дигар ҳам карда метавонистем. онҳо мегӯянд, ки мақомот иғвоандозӣ мекунанд. Кадом иғво? Умедворам, ки онҳо ба хонаҳояшон баргашта, дар зодгоҳашон гирдиҳамоӣ мекунанд. Бешкек ба қадри кофӣ шоҳиди ин қабил ҳодисаҳо будааст."
Бархӯрди рӯзи сешанбе дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки чанде аз иштирокчиёни гирдиҳамоии даҳ ҳазор нафараи мухолифин дар майдони Алатоо ба самти гирдиҳамоии тақрибан 500 тарафдори ҳукумат ҳаракат карданд.
Сар аз 2-уми ноябр ба ин тараф мухолифини ҳукумати президент Қурмонбек Боқиев гирдиҳамоии бидуни таваққуфро идома медиҳанд. Ҳадафи онҳо қабули сарқонуни нави Қирғизистон аст, ки салоҳиятҳои президентро коҳиш медиҳад.