Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистонро баҳс мекунад


Шашуми ноябр дар рӯзи нахустини ин нишаст, Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал дар паси дарҳои баста аз намояндаҳои чанд созмони ғайридавлатии Тоҷикистон доманаи истифодаи шиканҷа ва рафтори золимона дар ин кишварро пурсид.
Тавре раҳбари Маркази таҳлилии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Маҳмудҷон Раҳимов ба Радиои Озодӣ гуфт, вусъати воқеъии истифодаи шиканҷа, рафтори золимона ва тавҳиномез нисбат ба афрод дар Тоҷикистонро наметавон ташхис кард, чаро ки омори расмӣ доир ба чунин рафтор бурда намешавад.

"Албатта дар Тоҷикистон кор гирифтан аз шиканҷа мушоҳида мешавад. Аммо доир ба вусъати истифода аз он чизе гуфтан мушкил аст, зеро дар Тоҷикистон Қонун доир ба шиканҷа вуҷуд надорад. Агар чунин қонун вуҷуд медошт, дар он ҳолат оморе ба даст оварда метавонистем, ки дар робита ба шиканҷа чӣ қадар парвандаи ҷиной боз шудааст, чанд нафарро барои истифодаи шиканҷа боздошт ва ё маҳкум кардаанд ва дар ин ҳолат маълумоти умумиро метавонистем дар матбуот ба даст оварем."

Тавре мусоҳибон гуфтанд, оморе ки мақомоти интизомӣ ҷамъ мекунанд, ба сӯистифодаи мақомоти давлатӣ аз салоҳиятҳои худ ва дигар навъи ҷинояҳо марбут аст.
Дар Тоҷикистон ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ асосан мақомоти интизомӣ аз шиканҷа кор мегиранд, то муттаҳамон ба ҷиноятро водор ба эътирофи гуноҳ кунанд. Ба қавли додситонии Тоҷикистон, аз соли 2000 ум то соли 2004 даҳҳо нафар аз кормандони мақомоти интизомӣ барои фаро рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ, ки манзур аз он рафтори бераҳмона бо муттаҳамон низ ҳаст, ба додгоҳ кашида шудаанд.


Маҳмудҷон Раҳимов мегӯяд, одатан муттаҳамон ва маҳбусонро латукӯб мекунанд ва ин афрод аз тарси дигарбора таъқиб нашудан ба касе шикоят намекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши худ ба кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа тайи солҳои ахир корҳои бисёре анҷом додааст ва аз ҷумла ишора мекунад, ки дар қонунҳои ин кишвар бештар аз 29 банд барои шиканҷа ҷазо муқаррар кардааст.



Имрӯз сешанбе вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов дар назди намояндаҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал расман гузориш хоҳад дод, ки чӣ гуна кишвараш баъди пайвастан ба Аҳдномаи Созмони Милал оид ба манъи шиканҷа, рафтори бераҳмона ва тавҳиномез нисбат ба инсон чӣ корҳоеро анҷом додааст ва чӣ гуна пеши роҳи ин навъи ваҳшатноки ҳуқуқи инсонро мегирад.

Бинобар мавҷуд набудани банде дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки махсус барои ҷазои мақомоти давлатии масъул дар шиканҷа бошад, додситонӣ ва додгоҳҳо наметавонанд, вусъати шиканҷа дар кишварро муайян кунанд.
Дар Тоҷикистон аз ҷумла барои сӯистифода аз мансаб, фаро рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ, таҳдид, амдан ба додгоҳ кашидан омор вуҷуд дорад, аммо на омор доир ба истифодаи шиканҷа.
Аз соли 2000 то соли 2005 дар Тоҷикистон танҳо вазорати амнияти ин кишвар 13 корманди милисаро барои фаро рафтан аз ҳадди ваколат ва сӯистифода аз мақом ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст.
Тоҳири Сафар, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал, Женева
XS
SM
MD
LG