Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум ба зиндон шудани Раҷаби Мирзо ва ду ҳамроҳаш


Дар пайи талоши нофарҷоми баргузории намоиши эътирозӣ тавассути гурӯҳе аз ҷонибдорони Ҳизби Демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар шаҳри Душанбе мақомоти интизомӣ Раҷаби Мирзо раиси бахши Ҳизби Демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар пойтахти Тоҷикистон боздошт карда ва шоми шанбе ба 15 рӯзи зиндон маҳкум намуданд.


Ду ҳамроҳи Раҷаби Мирзо муовини вай Хайриддин Гуляев ва Темур Искандаров бародари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва раҳбари дастгоҳи Ҳизби Демократ низ ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шуданд ва ҳар се танро ба боздоштгоҳи шаҳри Душанбе бурдаанд.


Додгоҳ ин се нафарро бо ҷурми ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонунӣ чунин ҷазо додааст. Раҷаби Мирзо дар сӯҳбат бо хабарнигори Радио Озодӣ гуфт, ки ин ҳукмро ғайриқонунӣ медонад.


Субҳи 4 ноябр як гурӯҳи 20 нафараи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳамроҳ бо иддае аз ҷонибдорони Ҳизби Сотсиалисти ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев ва Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон дар баробари бинои вазорати адлия таҷаммӯъ намуданд.


Афроди ҷамъомада қасд доштанд, аз ин роҳ эътирози худро дар баробари шиносоии расмии Ҳизби Демократии Масъуд Собиров аз сӯи вазорати адлия баён созанд. Аммо қабл аз оғози намоиш маъмурони амниятӣ афроди ҷамъ омадаро бо зӯр пароканда карданд.
XS
SM
MD
LG