Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гузориши Тоҷикистонро баррасӣ мекунад


Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҳафтаи оянда то 26 ноябр ба баррасии иқдомоте мепардозад, ки шаш кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва ба масъулият кашидани омилони он андешидаанд.


Рӯзи ҳафтуми ноябр нахуст гузориши муқаддамотии ҳукумати Тоҷикистон доир ба иқдомоти андешидаи кишвар баррасӣ мешавад. Баъдан дар ҷараёни нишасти сеҳафтаина 10 коршиноси созмон дар нишастҳои паси дарҳои баста мадорик ва шавоҳидеро баррасӣ мекунанд, ки дар бархе аз кишварҳо пайваста аз шиканҷа ва дигар рафтори тавҳиномез нисбат ба инсон истифода мешавад.


Тоҷикистон соли 1995 ба Конвенсиюни байналмилалии манъи шиканҷа ва дигар рафтори тавҳиномез нисбат ба инсон пайвастааст ва дар гузориши худ ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ гуфтааст, ки аз соли 2000 то кунун даҳҳо нафарро бо ҷурми зӯроварӣ ва шиканҷа ба зиндон андохтааст.
XS
SM
MD
LG