Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Арақи тоҷикӣ-да биё бача..."


Қиссаи Русская Водкаи тоҷикӣ, Абсолюти Тоҷикистон, Таджикский Стандарт ва Бобоҷон Ғафуров ва Сомонӣ (Исмоил?) дар Душанбе

Май, арақ, водка, шампон, коняк - майи дасткаши молдованӣ, водкаи русӣ, водкаи Абсолюти тоҷикӣ, коняки Белий Аисти тоҷикӣ, коняки армании тоҷикӣ, винои дасткаши гурҷӣ...- ин ҳама феҳристи нокомили маводи аз спирт таҳия шудааст, ки ҳамарӯза дар дӯконҳои кишвар ба фурӯш мераванд.

Вероника Маҷнун, як журналисти шведӣ пас аз сафар ба Тоҷикистон навиштааст, ки дар Душанбе ҳайраташ як бар сад афзудааст, замоне, ки пешхизмат ба мизи ӯ Водкаи Абсолюти Тоҷикӣ гузошт. Абсолют - бренди маъруфтарин корхонаи машруботии шведист, ки дар Аврупо хеле машҳур аст.

Брэндҳои маъруфтарини дигар - Водкаи Русии тоҷикӣ, Коняки Белий Аисти тоҷикӣ (воқеан маҳз Белий Аист на Қуи сафед ) ва ҳам Грузинское Вино на майи Гурҷӣ, ва Кагор Молдовский на Кагори Молдованиро метавон дар дӯконҳои пойтахт харидорӣ кард.

Чаро бо ин номҳо? Масъулин мегӯянд, аз як сӯ ин номгӯйи майҳо ба таблиғ, ташвиқ ва ба забони дигар ба пиару брэнд ниёз надоранд, зеро пайваста таблиғ мешаванд. Аз сӯи дигар, «номдӯздон»-и маҳаллӣ дар ин маврид қонуншиканӣ накардаанд.

Саодат Наҷмиддинова, раиси шӯъбаи назорати давлатӣ, сифат ва риояи стандартҳои Тоҷикстандарт мегӯяд, ширкатҳои маъруфи истеҳсоли май ҳамчун Водкаи Русӣ ва Абсолют дар Тоҷикистон расман номнавис нашудаанд ва биноан, ҷойи онҳоро ширкатҳое гирифтаанд, ки Русская Водкаи тоҷикӣ ва Таджикский Абсолют истеҳсол мекунанд.

Вале дар мавриде, ки дар корхонаи воҳиди давлатии Хӯрокворӣ - коргоҳе, ки ба истеҳсолкунанда иҷозат - сертификат медиҳад, перомуни мавзӯъ хомӯшӣ ихтиёр карданд, мизоҷон мегӯянд, бештари машруботи ватанӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.

Сафар Айюбзода, сокини пойтахт дар баробари дигар сокинони шаҳр майи пастсифат аз дӯконҳои пойтахт харидорӣ мекунад: «Ягон майи заҳролуд ба мо зиён намеорад. Баръакс, фоида дораду зарар не. Организми мо одат кардааст ва ба заҳр»

Барои ҷилавгирӣ аз тиҷорати майҳои тақаллубӣ теъдоди дӯконҳои фурӯши машруботи спиртӣ кам шуд. Саодат Наҷмиддинова, масъули Тоҷикстандарт мегӯяд, ҳамакнун барои фурӯши машрубот бояд иҷозатномаи махсус гирифт.

Сафватулло Бурҳонов, журналист ва духутури ҷоғар мегӯяд: «Коҳиши теъдоди дӯконҳо ба сифати машруботи спиртӣ таъсир надорад. Зеро бигирем ҳамон Водкаро. Русская Водка 120 сомонӣ арзиш дорад. Аз ин арзонтар бошад, пас Водка нест. Абсолют, Конякҳо, Виноҳо ҳам ҳамчунинанд»

Спирт! Бе спирт, ё алкул истеҳсоли майу водка ғайриимкон аст. Вале мусоҳиби ман, ки перомуни вазъ аз як тадқиқоти журналистӣ ҳам кор гирифтааст, мегӯяд, дар бархе маврид, ҷои спирти этил, аз спирти текникӣ кор мегиранд. Ва он ҳам спирти текникии истеҳсоли иронӣ. Сафватулло Бурҳонов:
«Дар Тоҷикистон аз спирти техникии Ирон арақ месозанд! Ин спирт техникист ва шояд барои ҳавопаймоҳо, мошинҳо ва моторҳо бошад. Аммо мо онро истеъмол мекунем»

Дар Тоҷикистон се корхонаи истеҳсоли спирт дар Душанбе, Исфара ва Уротеппа ҳаст, ки бузургтарини он заводи истеҳсоли спирти Исфара мебошад. Ин коргоҳ дар як шабонарӯз то 25 тонна спирт истеҳсол мекунад. Вале майҳои суғдӣ дар пойтахт тақрибан мизоҷ надоранд. Ҳарчанд, ки хеле арзонанд.

Воқеан, нӯшокии спиртӣ дар Тоҷикистон арзон ва дастрас аст. Водкаҳои Бобоҷон Ғаффуров ва Сомонӣ, (бовар кунед, хонандаи азиз, ки ин номи водка аст!) дар маркази фурӯши Сафар Сентр то 2 сомонӣ нарх доранд. Водкаи Душанбе 3 сомонист. Водкаи Русии тоҷикӣ ва Абсолюти тоҷикӣ то 8 сомонӣ қимат дорад. Ин дар мавридест, ки нархи як Асболюти асл на камтар аз 80 доллари амрикоист ва баландтар аз он.

Ва боз ҳам водкаи заҳролуд. Дар сӯҳбат бо ҳамкорам Нилуфари Собир сокинони пойтахт шиква бурдаанд, ки аз истеъмоли май заҳролуд шудаанд ва ҳатто зане, бе ифшои ном гуфтааст, пас аз истеъмоли майи тақаллубӣ тифли батнашро аз даст додааст, вале бо ин иллат, ки шаробхорагӣ ба вежа миёни занҳо шарм аст, ба ҷое шиква набурдааст.

Дар ягона ҳушёрхонаи Раёсати умури дохилаи Душанбе гуфтанд, ки рӯзе то 20 мастро боздошт мекунанд. Масъулин мегӯянд, дар моҳи шарифи Рамазон теъдоди майхораҳо кам мешавад, вале баъд аз 3 рӯзи ид меафзояд. Мардуми дар Рамазон тақводор, ки пас аз иди Фитр даст ба соғар мебаранд, то 3 сомонӣ ҷарима дода, бо ҳамин маблағ метавонанд, ду шишаи дигар бодаи тақаллубӣ харидорӣ кунанд ва субҳона кашанд.

Теъдоди мардуми аз шаробхорагӣ заҳролудшударо дар кишвар касе дақиқан намедонад. Зеро шаробхорӣ миёни мардум шарм аст, айб аст ва нафаре агар заҳролуд ҳам шуд, ҷое шиква намебарад.

Аммо Саъдулло Сайидалиев, сардухтури маркази ҷумҳуриявии амрози сил дар Тоҷикистон мегӯяд, дар тӯли сол 2 нафар бемор, ки дар ин марказ номнавис будаанд, бар асари истеъмоли майи тақаллубӣ фавтидаанд.
XS
SM
MD
LG